Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз сирояти коронавируси нав ба 6060 нафар гузориш дод


Табибони рус рӯзи 17-уми апрел як пиразани беҳолро аз истгоҳи автобус бурданд.
Табибони рус рӯзи 17-уми апрел як пиразани беҳолро аз истгоҳи автобус бурданд.

Мақомоти Русия аз афзоиши рекордии гирифторони КОВИД-19 хабар доданд ва айни замон раиси ҷумҳур Владимир Путин гуфт, “вазъ зери назорат аст”. Ситоди муқобила бо коронавируси нав дар Русия гуфт, дар 24 соати гузашта дар кишвар 6060 мавриди сирояти бемориро сабт кардаанд. Ҳамингуна теъдоди гирифторони беморӣ дар Русия, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст, ба марзи 43 ҳазор нафар наздик шуд.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, бемории КОВИД-19 то кунун сабаби марги 361 нафар шудааст, ҳарчанд мутахассисон ва ё мунтақидони давлат мегӯянд, омори мазкур баёнгари воқеият нест. Афзоиши босуръати теъдоди гирифторони КОВИД-19 дар Русия дар ҳолест, ки ин кишвар пеш аз дигарон марзҳояш бо Чинро баст ва гаштугузорро маҳдуд кард.

Шаҳри Маскав пойтахти Русия ҳоло тақрибан аз мардум холист. Владимир Путин рӯзи 19-уми апрел дар як видеои сабтшуда ба мардуми Русия гуфт, ҳукумат саъй дорад, то монеи сирояти ҳарчӣ бештари беморӣ шавад.

Русия бузургтарин кишвари муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва то кунун даҳҳо нафар аз ин муҳоҷирон ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудаанд. Доир ба марги чанд нафар ҳам гузоришҳо нашр шудаанд.

XS
SM
MD
LG