Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори қурбониён аз коронавирус дар Чин 1290 кас зиёд шуд


Вуҳан, Чин
Вуҳан, Чин

Шаҳри Вуҳани Чин, ҷое, ки бори аввал коронавирус пайдо шуда буд, ба сабаби афзудани шубҳаҳо ба шаффофияти Чин, шумораи мурдаҳоро аз коронавирус 1290 кас зиёд кардааст.

Ин ҳам пас аз он рӯй дод, ки президенти Амрико Доналд Трамп, пешниҳодеро эълон кард, ки ба ҳокимони иёлот иҷоза медиҳад барои сар кардани иқтисоди дарҷомондаи Иёлоти Муттаҳида чораҳои маҳдудкунандаро сабук кунанд.

Трамп рӯзи 16-уми апрел дар нишасти хабарии Кохи Сафед дар Вашингтон дар пайванд ба ин мавзуъ суханронӣ кард.

Аз рӯи рақамҳои навшуда шумораи мурдагон дар Вуҳан ба 3869 нафар мерасад, ки тақрибан аз се ду ҳиссаи ҳолатҳои тасдиқшудаи Чинро дар бар мегирад.

Бино ба гузоришҳои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс бо рақамҳои наве, ки ба назар гирифта шудаанд, Чин ба тавр расмӣ аз 83,700 ҳолат ва беш аз 4600 фавт гузориш додааст.

Коршиносон аз олудагӣ ва маргу мири аз коронавирус гузоришшуда дар Чин шубҳа доранд ва ин рақамҳоро хеле каму боварнашаванда меноманд.

Вашингтон Пекинро ба он гунаҳкор мекунад, ки паҳншавии бемориро дар рӯзҳои аввал пинҳон карда ва маълумоти дақиқро надодааст.

Танқиди Иёлоти Муттаҳида 16-уми апрел аз тарафи Фаронса ва Бритониё дастгирӣ ёфт.

XS
SM
MD
LG