Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои истироҳат - 18-19-уми апрел баргузор мешаванд.
Ду бозӣ рӯзи шанбеи 18-уми апрел доир мегардад. Ду дастаи нави лигаи олӣ - «Душанбе-83»-и Душанбе ва «Файзканд»-и Восеъ - дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат рақобат мекунанд. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена» бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан рӯбарӯ мешавад. Ҳарду бозӣ соати 16:30 оғоз меёбад.
Се бозии дигари даври сеюм рӯзи якшанбеи 19-уми апрел барпо мегардад. «Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд қувваозмоӣ хоҳад кард. Ин бозӣ соати 16:00 шуруъ мешавад.
Баъдан дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии асосии даври сеюм миёни дастаҳои пешсафи ҷадвали мусобиқа - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар - соати 19:00 оғоз меёбад. Бозии ду дастаи Душанбе – ССКА ва «Локомотив-Помир» - дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19:00 шуруъ мешавад.
Баъди натиҷагирии ду даври қаҳрамонии Тоҷикистон-2020 ду даста – «Истиқлол» ва «Хатлон» - дар ҷадвали мсобиқа бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷойи аввал ва “Хатлон” дар ҷойи дувум қарор доранд. “Кӯктош” бо чаҳор имтиёз дар ҷойи севум аст.
Бояд гуфт, ки бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бозиҳо муваққатан бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд. Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ин тасмим бо тавсияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба иллати хатари коронавирус ва бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ гирифта шудааст.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
2 |
2 |
0 |
0 |
9-0 |
6 |
2 |
«Хатлон» (Бохтар) |
2 |
2 |
0 |
0 |
5-3 |
6 |
3 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
2 |
1 |
1 |
0 |
3-0 |
4 |
4 |
«Файзканд» (Восеъ) |
2 |
1 |
1 |
0 |
5-4 |
4 |
5 |
«Локомотив-Помир» (Душанбе) |
2 |
1 |
1 |
0 |
3-2 |
4 |
6 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
2 |
1 |
0 |
1 |
5-4 |
3 |
7 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
2 |
0 |
1 |
1 |
2-3 |
1 |
8 |
ССКА (Душанбе) |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-5 |
0 |
9 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-5 |
0 |
10 |
«Душанбе-83» (Душанбе) |
2 |
0 |
0 |
2 |
0-8 |
0 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол») – 3-тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон») – 2-тӯбӣ.
Даври 3-юм
18-уми апрел (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Душанбе-83» – «Файзканд»
Ваҳдат, Варзишгоҳи марказӣ
«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан»
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
19-уми апрел (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Кӯктош» – «Хуҷанд»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Оғози бозӣ – соати 19:00
«Истиқлол» – «Хатлон»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Оғози бозӣ – соати 19:00
ССКА – «Локомотив-Помир»
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
"Сулх" нагуед, "таслимшавии точик" бигуед. Шумо аз кадом дастовард мегуед?! 25 сол боз хуни точик дар зиндону Рашту Хатлону кунун дар Бадахшон чуйбор-чуйбор мерезад. Тули 30 сол аст, ки модари точик азодор аст, азои писари хунинкафану шавхари кушташудаи зораш. Сулх маънояш истибдод нест. Сулх маънояш рафохи як кабилаву уруг нест. Агар сулх бошад, пас чаро кишре аз чомеи Точикимтон овораву кисме зиндониву кисме сартир шуда истодаанд?! Лутфан, байни "сулх" ва "таслимшави" (капитуляция) 100000000 фарсах рох аст..!
Умедворам ки моро ҳам аз китоб бенасиб намемонед. Бо сипос! parvizrakhimzoda@gmail.com
Радиои Озодӣ аз шарма дига шарҳи мора пахш намекна, хахаха!!! Бо мо ак фикри хдмрна гуфта бдем, бо мо ак ба и радио бовар мекардем. АФСУС, Сад АФСУС!!!
Чунин гузаргоххоро дар дигар минтакахои марзй кушода тичоратро ривоч бояд дод.Аммо шарт гузоштан лозим ки савдо бо пули точикй сурат гирад.
Дар солҳои 1993,кадом аскар ки аз ҷанг сар мекашид,паронда ба дарё меандохтандшон.Худо иедонаду, мумкин ҳаминҳо ҳам саркаши кардаги бошанд.номаъдум,дузд яку,гумон ҳазор