Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар паи ихтилофи дипломатӣ Маскав номи истгоҳи метрои Прагаро тағйир медиҳад


Истгоҳи “Пражская” дар метрои Маскав
Истгоҳи “Пражская” дар метрои Маскав

Дар паи ихтилофҳои дипломатии миёни Русияву Ҷумҳурии Чех дар ҳукумати Русия пешниҳод шуд, ки исми як истгоҳи метрои Маскавро, ки ба ифтихори Прага номгузорӣ шудааст, тағйир бидиҳанд. Матбуоти русӣ бо пахши ин хабар гуфт, ки чунин иқдом дар паи қарори мақомоти Ҷумҳурии Чех барои барчидани муҷассамаи маршали шӯравӣ ва қаҳрамони Ҷанги дуюми ҷаҳон Иван Конев гирифта шуд.

Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 10 апрел таҳдид кард, ки дар нисбати Ҷумҳурии Чех парвандаи ҷиноӣ боз мекунад, ҳарчанд Маскав болои ин ҷумҳурие дар Аврупои Марказӣ ҳеҷ салоҳияти қонунӣ надорад.

Шаҳрдории Прага рӯзи 3 апрел муҷассамаи маршали шӯравӣ Иван Коневро барчид, ки моҳи маи соли 1945 баъди сарнагунии режими фашистӣ артиши сурхро ба шаҳри Прага ворид карда буд.

Матбуоти русӣ гузориш дод, ки шӯрои ҷамъиятӣ ва вазорати дифои Русия пешниҳод карданд, ки метрои “Пражская” ба “Маршал Конев” тағйири ном кунад.

Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Чех Маскавро дар мудохила ба умури ин кишвар айбдор кард.

Муҷассамаи маршали шӯравӣ аз ҷониби ҳукумати коммунистии Чехословакия дар соли 1980 гузошта шуд ва баъди суқути режим дар ин кишвар дар соли 1989 ҳамеша мавриди суол ва ҳамла будааст. Конев инчунин ба унвони фармондеҳи нирӯҳои шӯравӣ дар соли 1956 дар саркӯби эътирозҳои ҷамъиятии зиддишӯравӣ дар Венгрия ва дар бунёди Девори Берлин ширкат кардааст. Бархе муаррихон бовар доранд, ки Конев дар таҳияи нақшаи ба Чехословакия дар соли 1968 ворид шудани нирӯҳои шӯравӣ ҳам иштирок кардааст. Ӯ соли 1973 даргузашт.

Мақомоти Чехия гуфтанд, ки муҷассамаи Конев дар ҷои дигар гузошта мешавад ва бар ивази он муҷассамаи нав бахшида ба нирӯҳои зиддифашистии чех гузошта мешавад, ки пеш аз вуруди Конев шаҳри Прагаро озод карда буданд.

XS
SM
MD
LG