Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блаттер: ИМА ё Ҷопон метавонанд Ҷоми ҷаҳон-2022-ро ба ҷои Қатар баргузор намоянд


Ҷозеф Блаттер, президенти собиқи Федератсияи байналмилалии футбол.
Ҷозеф Блаттер, президенти собиқи Федератсияи байналмилалии футбол.

Ҷозеф Блаттер, президенти собиқи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA), кишварҳоеро номбар кард, ки метавонанд Ҷоми ҷаҳонии футболро дар соли 2022 ба ҷои Қатар баргузор кунанд. Дар ин бора espn.com хабар додааст.

"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонад Ҷоми ҷаҳониро ба ҷои соли 2026 доир намояд. Онҳо қобиланд, ин рокетсозӣ нест. Ҷопон низ метавонад қаҳрамонии ҷаҳонро баргузор кунад. Онҳо низ пешниҳод карданд, ки мизбони Ҷоми ҷаҳонии 2022 шаванд. Хушбахтона, дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 танҳо 32 даста хоҳад буд, на 48, тавре ки президенти ФИФА Ҷанни Инфантино нақша дошт. Корҳои ташкилӣ нисбат ба Ҷоми ҷаҳон-2018 зиёдтар намешаванд",-иқтибос меорад Блаттерро ESPN.

Қаблан Вазорати адлияи ИМА Русия ва Қатарро барои порадиҳӣ ба масъулини ФИФА ҷиҳати баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ айбдор кард. Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатар барои давраи аз 21-уми ноябр то 18-уми декабр таъин шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG