Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон вазъи фавқулода эълон кард


Дар Ҷопон то кунун 8,5 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шудаанд.
Дар Ҷопон то кунун 8,5 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шудаанд.

Мақомоти Ҷопон дар робита ба паҳн шудани коронавирус ҳолати фавқулодаро дар сартосари ин кишвар эълом карданд.

Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ дар паёми телевизиониаш гуфт, ин ҳолат дасти кам то 7-уми май идома хоҳад кард. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус дар хориҷ аз минтақаҳои карантиншуда низ ошкор шудааст ва бинобар ин, вазъро сартосарӣ эълом карданд.

Дар давраи вазъи фавқулода ҳукумати Ҷопон ба ҳар як шаҳрванд ҳудуди 1 ҳазор доллар дар моҳ пардохт хоҳад кард.

Дар Ҷопон то 16-уми апрел 8,5 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуда, 178 кас ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG