Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳама гуна чорабиниҳои умумӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт манъ шуд


Намое аз шаҳри Душанбе.
Намое аз шаҳри Душанбе.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе баргузории ҳама гуна чорабиниҳои умумӣ ба муносибати Рӯзи пойтахтро манъ карданд. Сабаби ин тасмим, "пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва ҳифзи солимии аҳолӣ", гуфта шудааст.

Ҳамасола шанбеи севуми моҳи апрел Рӯзи пойтахт бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, таҷлил мешавад. Вале ба иттилои шаҳрдории пойтахт, имсол бинобар вазъи пешомада, баргузории чорабиниҳои серодам манъ шуд.

Қаблан мақомоти шаҳрдорӣ эълон карда буданд, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки ҳар сол бахшида ба Рӯзи пойтахт доир мегашт, бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор намешавад.

Дар Тоҷикистон ба таври расмӣ гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Ахиран чанд ҳодисаи марги одамон ба роҳ ёфтани коронавируси нав ба Тоҷикистон бастагӣ дода мешаванд. Ба монанди даргузашти як сокини Шаҳристон, ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як корманди бемористони шаҳри Бохтар. Вале мақомоти тандурустии Тоҷикистон гуфтаанд ва ахиран такрор карданд, ки то ҳол ягон мавриди гирифторӣ ба Ковид-19 ба қайд гирифта нашудааст.

XS
SM
MD
LG