Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони қирғиз хостори баргардонидани шаҳрвандон аз хориҷ шуданд


Ситоди мубориза бо коронавирус дар Қирғизистон.

Вакилони порлумони Қирғизистон гуфтанд, кори ҳукумати ин кишвар дар робита ба баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати коронавирус дар хориҷ дармондаанд, қаноатбахш нест.

Дар қарори вакилон, ки 15 апрел қабул шуд, аз ҷумла омадааст, девони вазирон бояд барои баргардонидани шаҳрвандон аз хориҷ долонҳои махсус ё парвозҳои вижа ташкил кунад. Ҳамчунин аз ҳисоби буҷаи давлат барои онҳое кӯмак ҷудо шавад, ки маҷбур ҳастанд, дар хориҷ ба сар баранд.

Пештар муовини аввали сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов гуфт, дар рӯзҳои ахир 2719 қирғизистонӣ аз Русия, Булғористон, Ветнам, Миср, АМА, Ҳинд, Малайзия, Тайланд, Шри-Ланка, Куриёи Ҷанубӣ ва ғайра ба ватан баргардонида шудаанд.

Ба гуфтаи Боронов, аз 2 феврал то имрӯз барои баргардонидани шаҳрвандони Қирғизистон аз хориҷ 35 парвози махсус ташкил карда шудааст.

XS
SM
MD
LG