Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти амрикоӣ бо фармондеҳи артиши Покистон сулҳи Афғонистонро баррасӣ карданд


Залмай Халилзод, фиристодаи ИМА барои Афғонистон
Залмай Халилзод, фиристодаи ИМА барои Афғонистон

Фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод ва фармондеҳи аршади амрикоӣ генерал Скотт Миллер дар Исломобод бо мақомоти низомии покистонӣ дидору гуфтугӯ карданд. Ин мулоқот баъди мулоқот бо намояндагони Толибон дар Давҳа баргузор шуд. Музокироти Покистону Қатар дар ҳоле ҷараён гирифт,ки ҳукумати Афғонистон ва Толибон аввалин табодули зиндониҳоро анҷом доданд. Озодкунии зиндониҳо шарти муҳими шурӯи ҷараёни татбиқи сулҳ дар Афғонистон баъди 18 соли ҷанг мебошад.

Сафорати ИМА дар Покистон бо нашри изҳороте рӯзи 14 апрел гуфт, ки Халилзод ва Мюллер, фармондеҳи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон дар мулоқот бо раҳбари артиши Покистон генерал Қамар Ҷовид Баҷво талошҳои ИМА “барои эҷоди сулҳи пойдор” дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Дар идомаи изҳорот омадааст, ки “раҳбарони низомии Покистон пуштибонии худ аз талошҳои ИМА-ро баён карда бори дигар омодагии худро барои ҳалли сиёсии низоъ” ба намоиш гузоштанд. Дар музокирот бо намояндагони Толибон дар Қатар рӯзи 13 апрел, Халилзод ва Миллер “чолишҳои ҷорӣ” дар заминаи иҷрои созиши сулҳро, ки рӯзи 29 феврал дар Давҳа миёни ИМА ва Толибон имзо шуд, баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG