Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона оғоз мешавад


Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки барои бори севум доир хоҳад шуд, рӯзи якшанбе, 19-уми апрел, оғоз меёбад. Мисли соли гузашта дар мавсими нав даҳ даста барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад.

Дар мусобиқаи имсола ҳашт даста аз вилояти Хатлон намояндагӣ мекунад: «Хатлон» (Бохтар), «Барқ» (Норак), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ). Ду дастаи дигар - «Зебонисо» (Душанбе) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) мебошанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона дар ду давра сурат мегирад ва ҳар даста 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Тибқи қуръакашии лигаи футболи занонаи Тоҷикистон, ки 14-уми апрел дар Душанбе, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, баргузор шуд, дар даври аввали мусобиқа 19-уми апрел панҷ бозӣ миёни дастаҳои «Зебонисо» - «Хатлон», «Бешкент» - «Ҳосилот», «Панҷшер» - «Чашма», «Регар-ТадАЗ» - «Зебо» ва «Равшан» - «Барқ» доир мегардад.

Ёдовар мешавем, соли 2018 дар мусобиқаи аввалини қаҳрамонии Тоҷикистон миёни занон шаш даста ширкат дошт. Мусобиқа бо пирӯзии “Зебонисо”-и Душанбе ба анҷом расид. “Хатлон”-и Бохтар бо медаҳои нуқра ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Соли гузашта дар мусобиқаи мазкур даҳ даста ширкат дошт. «Хатлон»-и Бохтар, ки дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намуд, бо ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт.

“Зебонисо”-и Душанбе, ки ҷойи дувумро гирифт, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ба дастаи “Зебо”-и ноҳияи Дӯстӣ, ки ҷойи севумро азони худ кард, медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG