Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусалмонони Узбекистон дар Рамазон намозро дар хона мехонанд


Масҷиди "Ҳазрати имом" дар Тошканд.
Масҷиди "Ҳазрати имом" дар Тошканд.

Идораи мусалмонҳои Узбекистон фатвои хондани намозро дар моҳи Рамазон, дар давраи вабои вируси корона, содир кард -- дар масҷидҳо адои намоз манъ ва Қуръонро мешавад, тариқи Интернет хонду гӯш кард.

Дар хабаре, ки рӯзи 13 апрел дар сомонаи Идораи мусалмонҳои Узбекистон нашр шуд, омадааст, ин мавзуъро бо Идораи маънавии мусалмонҳои Қазоқистону Қирғизистон баррасӣ ва фатвои муштарак содир кардаанд.

Аз мусалмонҳои Узбекистон даъват шудааст, ки бо ҳадафи риояи карантин амалҳои зерро анҷом диҳанд:

адои намоз ва қироати Қуръонро дар хона анҷом диҳанд (қироати Қуръон ҳамзамон тариқи Интернет ба роҳ монда мешавад);

ифтор ташкил накунанд ва харҷи ифторро ба корҳои хайрия сарф намоянд.

Барномаҳои Рамазонӣ пайваста тариқи телевизион ва Интернет пахш хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG