Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи пойтахт бе ниммарафони байналмилалӣ мегузарад


Марафон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.
Марафон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел доир мегардад, чорабиниҳои мухталиф, аз он ҷумла мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд.

Чунончи, мусобиқа оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми пойтахт», ки 13-уми март шуруъ шуда буд, 17-уми апрел ба поён мерасад.

Мусобиқаи мазкур, ки ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе - бахшида шудааст, бо ширкати 76 даста дар майдончаҳои варзишии Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷараён дорад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Раҳматшо Камолов, мудири Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, имрӯз, 14-уми апрел, хабар дод.

Ӯ гуфт, "тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани ин мусобиқа аз буҷаи шаҳрдорӣ 128800 сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст. Бар асоси дастури мусобиқа бозиҳо мувофиқи синну соли иштироккунандагон дар ҳашт зергурӯҳ сурат гирифтааст. Ғолибони гурӯҳҳо ва дастаҳое, ки дар зинаҳои дуюму сеюм ҷойгир шуданд, ба даври баъдӣ роҳ пайдо карданд".

Ба гуфтаи Камолов, инчунин бахшида ба Рӯзи пойтахт 18-уми апрел дар ҳамаи мактабҳои варзишии Душанбе, инчунин дар майдончаҳои назди биноҳои истиқоматӣ мусобиқаҳои оммавӣ оид ба намудҳои маъмул, монанди баскетболу волейбол, футболи хурд, теннис, тенниси рӯи миз, шоҳмоту шашка ва ғайра барпо мегардад.

"Вале мусобиқаи аз ҳама асосӣ - ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки ҳар сол бахшида ба Рӯзи пойтахт доир мегашт, ин дафъа бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор намешавад", - гуфт Раҳматшо Камолов.

Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар масофаи 21,97 км доир мегардад. Дар ниммарафони X байналмилалӣ, ки соли гузашта аз «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ, ба поён расид, ҳудуди 100 варзишгар аз Тоҷикистон ва 36 давандаи ҳирфаӣ аз Австралия, Австрия, Афғонистон, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Нидерланд, Русия, Узбекистон, Украина, Чин ва Эфиопия иштирок карданд.

Дар байни мардон Фенте Ҷирма аз Эфиопия ва дар миёни занон Даря Маслова аз Қирғизистон пирӯз шуданд. Дар байни намояндагони Тоҷикистон Меҳрангез Назарова ва Улиям Кузминова натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар сабқати занон мутаносибан ҷойҳои панҷуму шашумро касб намуданд.

Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони X байналмилалӣ 387 803 сомонӣ (беш аз 40 ҳазор доллари ИМА) ихтисос дод. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни мардон ва занон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро гирифтанд, бо ҷоизаҳои молӣ ба маблағи аз 13 ҳазору 350 сомонӣ то 31 ҳазору 150 сомонӣ сарфароз шуданд.

Бояд тазаккур дод, ниммарафони байналмилалӣ аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст.

Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар даҳ даври ниммарафони байналмилалӣ ҷойи чорум мебошад. Ҳасан Ғаффоров ду бор (солҳои 2013 ва 2016) байни мардон ва Надима Мирзоева як маротиба (соли 2010 ) миёни занон ҷойҳои чорумро соҳиб шуда буданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG