Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни қазоқ баъди баргашт аз Туркия ба ҷои 2 ҳафта 1 моҳ карантин шуданд


Қазоқистон, 13 апрел, 2020.
Қазоқистон, 13 апрел, 2020.

Донишҷӯёни қазоқистонӣ, ки дар Туркия таҳсил мекарданд, баъди баргашт ба ватан дар шаҳри Атирау ба карантин гирифта шуданд.

Ин донишҷӯёнро нахуст ду ҳафта дар як хобгоҳи маҳаллӣ карантин карданд ва пас аз ба поён расидани муҳлат онҳоро ба бинои навсохте интиқол дода, гуфтанд, ду ҳафтаи дигар бояд онҷо боқӣ бимонанд. Вале волидони донишҷӯён аз шароити карантин шикоят доранд.

"Ҳуҷраҳо холӣ ва сарданд. Онҷо барояшон хеле сард аст. Бо ду болопӯш наметавонистанд хоб раванд", - мегӯяд модари яке аз донишҷӯён аз Чимкент Назим Азимова.

Тавре дертар маълум шуд, дар миёни донишҷӯён сайёҳон низ будаанд ва яке аз онҳо ҳангоми баргашт таби баланд доштааст. Бинобар ин, донишҷӯён ва сайёҳонро дар як хобгоҳ 14 рӯз карантин кардаанд.

"Ҳоҷатхона, ҳаммом ҳама умумӣ буданд",-афзуд Азимова.

Баъди баргардонидан аз донишҷӯён озмоиш гирифтаанд ва ҳамаи натиҷаҳо манфӣ баромада буд. Вале ба гуфтаи мақомот, дар муҳлати карантин се кас ба коронавирус мубтало шудааст.

"Дар аввал натиҷаҳо манфӣ буд. Вале пас аз ду ҳафта озмоишҳои дубора нишон доданд, ки се кас ба вирус мубтало шудаанд. Бинобар ин, муҳлати карантин 14 рӯзи дигар тамдид шуд",-гуфт сухангӯи ҳукумати вилояти Атирау Ержан Калимбайулӣ.

XS
SM
MD
LG