Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халилзод аз амалкарди ҳукумати Афғонистон ва Толибон истиқбол кард


Халилзод дар имзои созиш байни Амрикову Толибон нақши умдае доштааст.
Халилзод дар имзои созиш байни Амрикову Толибон нақши умдае доштааст.

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон табодули асирон миёни ҳукумат ва Толибонро “қадами муҳиме” дар роҳи сулҳ дар ин кишвари ҷангзада хонд. Халилзод рӯзи 13-уми апрел дар Твиттер навишт: “Ду тараф бояд кӯшиш кунанд, то ҳарчӣ зудтар ба ҳадафҳои созиши байни Амрикову Толибон бирасанд.” Ӯ гуфтааст, ки табодули асирон ҳоло аҳамияти бештар пайдо кардааст, чун коронавирус ба зиндониён хатар эҷод мекунад. Залмай Халилзод дар музокироту имзои созиш бо Толибон нақши умдае доштааст.

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх гуфт, ки Толибон рӯзи 12-уми апрел дар вилояти Қандаҳор 20 нафарро аз асорати худ озод карданд. Пештар аз ин ҳукумати Афғонистон 100 зиндонии Толибро аз зиндон раҳо кард. Аз рӯзи 8-уми апрел то кунун ҳукумат 300 узви Толибонро аз зиндонҳои кишвар озод кардаанд.

Бар асоси созише, ки Толибон ва Амрико рӯзи 29-уми феврали имсол имзо карданд, ҳукумати Афғонистон барои эътимодсозӣ ва ё ба даст овардани боварии Толибон бояд 5 ҳазор узви ин гурӯҳро аз зиндон озод кунад. Ҳадаф аз ин оғоз оғоз кардани музокироти сулҳ байни ду тараф ва хотима додан ба ҷанги 18-cола дар ҳамсоякишвари ҷангзада ва ноороми Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG