Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ОПЕК+ барои коҳиши тавлиди нафт ба "созиши таърихӣ" расид


Кишварҳои тавлидкунандаи нафт пас аз кашмакашҳои зиёд бар сари коҳиши истеҳсоли нафт ва бозгардонидани субот ба бозори осебдида аз бӯҳрони корона, ба як "созиши таърихӣ" расиданд. Ин созиш дар ҳоле сурат гирифт, ки қимати нафт бинобар кам шудани талабот ба поинтарин сатҳ дар 18 соли гузашта расида буд.

Вазирони энержии 23 кишвари ОПЕК+ шомили 14 кишвари узви ОПЕК ва 9 кишвари берун аз он шаби якшанбеи 13-уми апрел пас аз чанд соат гуфтугуи видеоӣ созиш карданд, ки дар умум 10 миллион бушка аз тавлиди худро кам кунанд.

Бархе аз аъзои ин нишаст дар шабакаҳои иҷтимоӣ созиши ҳосилшуда дар ин гуфтугӯро "тавофуқи таърихӣ" хондаанд. Аз ҷумла, Холид Ал-Фозил, вазири нафти Кувайт дар "Твиттер" навишт, "пас аз кушишҳои бисёр ва гуфтугӯҳои давомдор, созиши таърихӣ барои коҳиши тавлиди аъзои ОПЕК+ ба миқдори рузона ҳудуди 10 миллион бушка аз ибтидои моҳи майро эълон мекунем".

Кишварҳои ОПЕК+ (шомили аъзои ОПЕК ба иловаи Русия, Мексика, Қазоқистон, Умон, Озарбойҷон, Малайзия, Баҳрайн ва Судон) дар созишномаи нав пазируфтаанд, ки дар моҳҳои май ва июн дар маҷмуъ 9 миллиону 700 ҳазор бушка дар руз тавлиди нафти худро коҳиш медиҳанд, то суботро ба бозори нафт бозгардонанд.

Паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон талабот ба нафтро ниҳоят кам кард ва дар се моҳи ахир қимати нафт аз 70 доллар сари ҳар бушка ба камтар аз 20 доллар поин омад.

Музокирот дар ибтидо байни Арабистони Саудӣ ва Русия оғоз шуд ва дар ниҳоят ду кишвар пас аз кашмакашҳои зиёд қабул карданд, ки дар сурати мувофиқати кишварҳои Гурӯҳи 20, тавлидоти умумии худро коҳиш медиҳанд. Пас аз ин созиши Русия ва Арабистони Саудӣ, Мексика мухолифи чунин саҳмиябандӣ шуд.

Тибқи пешнависи аввалӣ, Мексика бояд рӯзона 400 ҳазор бушка аз тавлиди нафти худро кам мекард, аммо ин кишвар гуфт, ки танҳо 100 ҳазор бушка аз нафти худро коҳиш медиҳад. Дар ниҳоят рузи ҷумъаи гузашта раиси ҷумҳури Мексика эълон кард, ки ҳамтои амрикоиаш Доналд Трамп бо ӯ тамос гирифта, дар ин замина тавофуқ ҳосил карданд.

Бо ҳосил шудани тавофуқ барои коҳиши рузонаи 10 миллион бушка нафт, акнун интизор меравад, ки қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ беҳбуд ёбад. Вазири нафти Эрон пас аз ҷаласаи рузи якшанбе гуфтааст, бояд интизор монд ва вокуниши бозорро дид. Вай дар бораи ин, ки оё бо ин тасмими ОПЕК қимати нафт ба сатҳи 40 доллар мерасад, гуфт, "бояд мунтазири боз шудани бозорҳои ҷаҳонии нафти хом монд".

Дар ҳамин ҳол, дафтари раёсати ҷумҳури Русия эълом кард, ки Владимир Путин, Доналд Трамп ва Малик Cалмон бин Абдулазиз, раҳбарони Русия, Амрико ва Арабистони Саудӣ дар гуфтгуи телефонӣ аз созиши ОПЕК+ ҳимоят кардаанд.

Хабаргузории "Франс-прессс" навиштааст, созиши рӯзи якшанбе ба ҷанги нархи нафт байни Русия ва Арабистони Саудӣ низ муваққатан хотима дод. Бинобар бархе гузоришҳо, созиши ОПЕК+ пас аз ду моҳи оянда барои моҳҳои баъдӣ низ дароз хоҳад шуд.

Бархе мақомоти кишварҳои нафтӣ гуфтанд, ки ҳатто то 10 миллион бушка дар рӯз кам кардани ҳаҷми истеҳсол вазъи бозорро мӯътадил намекунад, чунки захираҳои ҳозираи нафт ҳам барои чандин ҳафтаи дигар пур аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG