Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бензин каме арзон шуд, аммо ба нархи ғизо таъсир накард. ВИДЕО


Арзиши маводи сӯхт дар аксар кишварҳои дунё ба таври бесобиқа поин рафт. Сабаби аслӣ коҳиши босуръати нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва хуруҷи коронавирус гуфта мешавад. Вале дар Тоҷикистон вазъ дигар аст. Ба фарқ аз аксар дигар кишварҳо, таъғйирот дар нархи сӯзишворӣ инҷо чандон чашмрас нест.

Тайи чанд рӯзи ахир дар бензинфурӯшиҳои Душанбе нархи маводи сӯхт фақат то 40 дирам поин омад. Таҳлилгарон мегӯянд, поинравии нархи нафт дар ҷаҳон ба бозори Тоҷикистон чандон таъсиргузор нахоҳад буд, зеро маводи сӯхт ба ин кишвар бештар аз Русия ворид мешавад ва нарх дар Маскав ҳам дар ҳоли ҳозир зиёд поин нарафтааст.

"Яке аз сабабҳои то андозае поин рафтани нархи маводи сӯхт шояд ин аст, ки дар Тоҷикистон бештар маводи сӯхт бо шакли сунъӣ идора мешавад. Яъне табиӣ нест, вобаста аз истеҳсолот ва муносибати пулу сиёсати молӣ нест".

Вале ба миқдори андак ҳам бошад, поён рафтани нархи маводи сӯхт ронандаҳо махсусан таксиронҳоро дар шаҳри Душанбе, ки пайваста аз болоравии нарх нигаронӣ мекарданд, умедвору хушҳол кардааст. Дар баробари бензин, нархи солярка ё сӯзишвории дизелӣ ва газ ҳам дар кишвар каме арзон шуд. Ронандаҳо, махсусан таксиронҳо дар шаҳр мегӯянд, ин тағйиротро дар корашон эҳсос мекунанд.

Бо Умед, як ронандаи таксӣ дар яке аз бензинфурӯшиҳо сӯҳбат доштем. "Аз Газпром солярка мехарам, 10 дирам арзон шудааст. 8 сомониву 10 дирам буд, ҳоло 8 сомонӣ шудааст. Дар дигар ҷойҳо 7 сомониву 60 дирам аст. Агар 10 дирамиӣ ҳам 10 литр гирем, 1 сомонӣ ба фоидаи мо мемонад",-гуфт ӯ.

Бархе аз ронандаҳо ҳам боумед мегӯянд, бо идомаи вазъ эҳтимол нархи маводи сӯхт ин ҷо ҳам ба андозаи чашмрас поён меравад.

Бензин каме арзон шуд, аммо ба нархи ғизо таъсир накард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Ба бовари таҳлилгарон, бо арзон шудани нархи сӯзишворӣ қммати маҳсулот дар бозори хӯрокворӣ ҳам бояд поён равад. Дар гузашта дар Тоҷикистон баланд шудани нархи сӯзишворӣ ба нархи роҳкиро ва ҳамин тавр, маҳсулоти бозор таъсир мекард. Вале ба гуфтаи онҳо, ҳоло дар кишвар вазъ баръакс аст.

Ҳоло нархи маводи сӯхт андаке поён рафт, аммо арзиши ҳамагуна маводи ғизоӣ дар бозорҳои Душанбе рӯ ба болоравӣ аст. Як килограм картошка дар ду ҳафтаи ахир аз чоруним то ба 5, 50 сомонӣ расид. Пиёз 4 сомонӣ ва арзиши як халта орд аз 205 то ба 240 сомонӣ баробар шудааст. Агар қаблан тоҷирон як сабаби болоравии нархро ба қимат шудани нархи маводи сӯхт рабт медоданд, ҳоло бештар баста будани марзҳоро далел меоранд. Иқтисодшиноси тоҷик ҳам аз болоравии нархи маводи хӯрокворӣ изҳори ҳайрат мекунад.

"Аҷиб ин аст, ки арзиши ғизои ниёзи мардум дар бозорҳо то 20-30 фоиз боло рафтаст. Албатта, ҳоло як нофаҳмӣ дар байни худи ҷомеа ба вуҷуд омадаст. Ҳукумати ҷумҳуриро зарур аст, ки сари ин масъала, чораандешӣ кунанд. Чун мо медонем, ки ин болоравӣ сунъӣ аст. Тоҷикистон метавонад бо захираҳои худ то 6 моҳ мардумро бо ғизои ниёзи мардум таъмин кунад",-меафзояд, Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик.

Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт, маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли тайёр, яъне бензину солярка ворид мекунад. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2019 ба Тоҷикистон беш аз 170 ҳазор тонна бензин, тақрибан 250 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва беш аз 430 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст.

Ҳар сол нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло меравад ва ба қимати маҳсулот дар бозорҳо таъсир мегузорад. Мақомот мегӯянд, пасту болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ аз онҳо вобаста нест.

Ба иттилои расмӣ, "Газпромнефт-Тоҷикистон", "Сеганҷ" ва Оҷонси захираҳои моддӣ дар бозори нафти кишвар саҳми зиёд доранд. "Фароз", ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз "ғӯл"-ҳои ин бозор буд. Ширкат соли гузашта дар номае ба Кумитаи андоз гуфт, ки ба далели тоб наовардан дар бозор барҳам мехӯрад, вале як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ширкат ҳанӯз фаъол аст.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирусро сабт накардаанд. Дар кишвар карантин ё ҳолати фавқулода ҳам эълон нашуд. Бинобарин ба бовари таҳлилгарон коҳиши талабот ба маводи сухтро набояд интизор шуд. Нархи сӯзишворӣ дар кишвар ба эҳтимоли зиёд чандон тағйир нахоҳад кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG