Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати кишоварзии Чин гӯшти сагро аз феҳристи маводи истеъмолӣ хориҷ кард


Бозори гӯшти саг дар Гуанҷоу. Акс аз соли 2015
Бозори гӯшти саг дар Гуанҷоу. Акс аз соли 2015

Дар феҳристи навшудаи вазорати кишоварзии Чин дар бахши молу чорвои хонагӣ дигар саг ҳамчун ҷонвари мавриди истеъмоли сокинон зикр намешавад. Нашрияи Quartz дар нақли қавл аз санади вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ки “баробар бо рушди тамаддуни башарият ва ғамхории ҷомеа дар ҳақи ҷонварон, сагҳо ба ҷонварони дӯсти инсон табдил шудаанд”.

Дар феҳристи охирини ҷонварҳои хонагӣ унвонии 13 намуд “молу чорвои маъмулӣ” зикр шудааст, ба мисли хук, гов, мурғ, мурғи марҷон ва инчунин 18 намуд “ҷонвари махсус”. Дар миёни онҳо вазорати кишоварзии Чин, масалан, намудҳои гуногуни оҳуро ёд кардааст, ки махсус барои истеъмоли инсон парвариш мешавад. Ин феҳрист ниҳоӣ нест ва эҳтимолан боз такмил мешавад. Санади вазорати кишоварзӣ то 8 май ба баррасии ҷомеа гузошта шудааст.

Нашр шудани ин санад гумонҳо дар заминаи инро, ки коронавирус метавонист аз ҷонвари ваҳшӣ ба инсон гузарад, бештар кард. Моҳи феврал дар Чин муваққатан истеъмоли гӯшти ҳайвони ваҳшӣ манъ шуд. Вале то ҳол манъи доимӣ дар ин замина ҷорӣ нашудааст.

Рӯзи 2 апрел мақомот дар шаҳри Шинжани ҷануби Чин аввал шуда истеъмоли гӯшти сагу гурбаро манъ карданд.

Animals Asia, як созмони ҳомии ҳуқуқи ҷонварон дар Ҳонгконг мегӯяд, ки ҳамасола дар Чин 10 миллион саг ва 4 миллион гурба куштаву истеъмол мешавад. Ин таҷрибаро фаъолони ҳуқуқи ҷонварон ҳарчи бештар мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Соли 2016 як гурӯҳи дӯстдорони ҷонварон талош кард пеши роҳи мошини борбарро бигирад, ки тӯдаи сагҳоро барои забҳ интиқол медод. Дар дохили мошин 320 саг буд ва баҳси фаъолон бо ронанда ба латукӯб гузашт. Дар натиҷа, дар шаҳроҳи мошингард раҳбандони азиме ба вуҷуд омад.

Дар Чин ҷонибдорони истеъмоли гӯшти саг мегӯянд, ки ин як расми қадимии миллӣ аст ва то ҳол бархе тарабхонаҳо барои муштариҳо анвои гуногуни ғизоҳои аз гӯшти саг таҳияшударо пешниҳод мекарданд. Мунаққидон мегӯянд, фермаҳои сагпарварӣ бисёр вақт дар шароити ногувор сохта шуда, шароити нигаҳдошт ва тарзи куштани сагҳо бераҳмонаву хушунатбор сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG