Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз Кобул хост, ки раҳбари гурӯҳи марбут ба ДИИШ-ро таслим кунад


Аслам Форуқӣ, ки номи воқеиаш  Абдулло Оракзай аст, рӯзи 4 апрел дар вилояти Қандаҳор боздошт шуд
Аслам Форуқӣ, ки номи воқеиаш  Абдулло Оракзай аст, рӯзи 4 апрел дар вилояти Қандаҳор боздошт шуд

Ҳукумати Покистон аз Афғонистон дархост кард, ки Аслам Форуқӣ, раҳбари созмони “Давлати исломӣ дар вилояти Хуросон”-ро, ки ба гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” рабт дорад, таслим кунад. Вазорати умури хориҷии Покистон рӯзи 9 апрел бо нашри изҳороте гуфт, ки “сафири Афғонистон дар Покистон ба вазорат даъват ва ба ӯ дидгоҳҳои Покистон дар ин замина шарҳ дода шуд”.

Дар ин мулоқот ба сафири Афғонистон гуфта шуд, ки Форуқӣ “бояд барои таҳқиқи парвандааш ба Покистон истирдод шавад”, чунки, ба гуфтаи вазорат, “ӯ дар фаъолиятҳои зиддипокистонӣ дар хоки Афғонистон гумонбар мешавад”. Вазорат гуфтааст, ки ду кишвар бояд “фаъолиятҳои зиддитеррористиро бо ҳам ҳамоҳанг кунанд”. Мақомоти афғон гуфтанд, Форуқӣ, ки номи воқеиаш Абдулло Оракзай аст, рӯзи 4 апрел дар вилояти Қандаҳор боздошт шуд. Ӯ раҳбарии гурӯҳи “Давлати исломӣ дар вилояти Хуросон”-ро июли соли 2019 ба ӯҳда гирифт. Ин гурӯҳ дар чандин ҳамлаи маргбор дар Афғонистону Покистон даст дорад.

XS
SM
MD
LG