Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA тағйир наёфт


Бозӣ миёни дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон. Ноябри 2019. Акс аз бойгонӣ
Бозӣ миёни дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон. Ноябри 2019. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсиони байналмилалии футбол, ки 9-уми апрел дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, мавқеашро дар байни 211 кишвар бо 1152 имтиёз дар ҷойгоҳи 121-ум нигаҳ дошт.

Дар феҳристи нави FIFA Белгия мисли пешин бо 1765 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1733 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1712 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 23-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1500 имтиёз дар зинаи 28-ум) қарор дорад. Эрон дувум (дар ҷаҳон 33-юм, 1489 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 40-ум, 1464 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (24-ум, 1537 имтиёз), Русия (38-ум, 1470 имтиёз) ва Узбекистон (85-ум, 1286 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Туркманистон (129-ум), Литва (131-ум), Латвия (137-ум) ва Молдова (175-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (85-ум), Қирғизистон (96-ум) ва Қазоқистон (118-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Зимнан, Федератсиони байналмилалии футбол (FIFA) дар машварат бо Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) тасмим гирифт, ки бозиҳо дар ду равзана - 23-31-уми март ва 1-9-уми июни соли 2020 мавқуф гузошта шаванд. Беш аз 50 бозии мусобиқот ба таъхир афтод.

FIFA инчунин ба дастаҳои миллӣ иҷозат дод, ки бо риояи талаботи мукаммали амният ва пас аз тасдиқи пешакӣ аз ҷониби FIFA ва AFC, дар ин санаҳо мустақилона бозӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон ҷойи севумро касб намудаанд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар се бозии боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи “F” дар Душанбе бо мунтахаби Муғулистон, дар меҳмонӣ бо дастаи Ҷопон ва дар майдони худ бо тими Мянмар рақобат мекунад.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG