Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон бинобар муқобила бо коронавирус ҳаракати нақлиёт маҳдудтар шуд


Сар аз 9-уми апрел дар Узбекистон марказҳои хадамоти давлатӣ додани гузарномаҳои вижаро барои ҳаракати нақлиёт қатъ карданд.

"Комисияи махсуси ҷумҳуриявии пешгирӣ аз густариши вируси корона рӯзи 8-уми апрел чунин дастур дод",-хабар медиҳад вазорати адлияи Узбекистон.

Танҳо нақлиёте метавонанд, ҳаракат кунанд, ки то ин замон гузарнома дарёфт карда буданд. Дархости дарёфти гузарномаҳои нав баррасӣ намешавад.

То субҳи 9-уми апрел шумори гирифторони вируси корона дар Узбекистон ба 555 расид. Дар маҷмуъ дар Узбекистон аз вируси корона 3 кас фавтида, 30 тани дигар сиҳат ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG