Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Ҷонсон ба бахши муқаррарии бемористон интиқол дода шуд


Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё.

Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон, ки ба коронавирус мубтало шудааст, аз шуъбаи эҳёгарӣ ба утоқи муқаррарии бемористони шаҳри Лондон интиқол дода шуд. Ба огаҳии котиботи сарвазири Бритониё, вазъи саломатии Ҷонсон рӯ ба беҳбудӣ оварда, феълан зери назорати доимии табибон аст.

Сарвазири Бритониё 27-уми март эълом кард, ки ба коронавирус мубтало шудааст. Ӯ рӯзи 6-уми апрел дар беморхона бистарӣ шуда, як рӯз баъд ба шуъбаи эҳёгарӣ интиқол ёфт. Ҷонсон расман аз вазири умури хориҷии Бритониё Доминик Рааб дархост кард, ки вазифаҳои сарвазириро муваққатан анҷом диҳад.

Борис Ҷонсон дар шуъбаи эҳёгарӣ се рӯз бистарӣ буд. Рӯзи чоршанбе расонаҳо хабар доданд, ки вазъи сиҳатиаш беҳтар мешавад.

Ҳукумати Бритониё ҳанӯз пеш аз беморшавии Ҷонсон дар ин кишвар карантин эълом кард. Рӯзи панҷшанбе хабар дода шуд, ки муҳлати карантин то 19-уми апрел тамдид мешавад. Дар Бритониё дар умум ҳудуди 65 ҳазор одам ба коронавирус мубтало шуда, наздики 8 ҳазор аз он ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG