Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI гуфт, дар ошӯби маҳбусон дар Эрон беш аз 30 нафар кушта шуд


Зиндони Шибони Аҳвоз яке аз муассисаҳое буд, ки дар он зиндониҳо аз тарси паҳншавии коронавирус ошӯб карданд
Зиндони Шибони Аҳвоз яке аз муассисаҳое буд, ки дар он зиндониҳо аз тарси паҳншавии коронавирус ошӯб карданд

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) гуфт, беш аз 30 зиндонии эронӣ, ки дар пайи таҳлука аз олудашавӣ ба коронавирус ошӯб бардоштанд, аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд.

Созмони мустақар дар Лондон 9-уми апрел эълон кард, дар чанд рӯзи гузашта дар дастикам ҳашт зиндони Эрон ҳазорҳо маҳбус аз тарси олудашавӣ ба коронавирус даст ба ошӯб заданд. Ин ҳолат "вокуниши маргбор"-и нирӯҳои амниятиро дар пай доштааст.

Нигаронии созмон бар пояи иттилооти қобили эътимод, аз ҷумла бар асоси шаҳодати хешовандони зиндониҳо навишта шудааст.

Дар он гуфта мешавад, ки бар зидди зиндониҳои ошӯбгар дар чандин муассисаи ислоҳӣ тир ва гази ашковар истифода шуд. Дар натиҷа, 35 нафар куштаву садҳо тан захмӣ шуданд.

Диана Элтаҳавӣ, муовини раиси бахши минтақаи Ховари Миёна ва Африқои Шимолии созмони Афви Байнулмилал гуфт:

"Бисёр нафратангез аст, ки бар ивази вокуниш ба талаботи қонунии зиндониҳо дар заминаи ҳимоят шудан аз КОВИД-19, мақомоти эронӣ бори дигар барои саркӯби нигарониҳо даст ба қатли инсонҳо заданд".

Элтаҳавӣ афзуд, ходимони амниятии зиндонҳо бояд ба талабҳои маҳбусон бе зӯр ҷавоб диҳанд ва даст ба муҷозоти зиндониҳо назананд.

Ӯ, инчунин ба таҳқиқи мустақилонаи "шиканҷаву марг дар зиндонҳо Эрон" даъват кард.

Дар фазои бӯҳронии коронавирус мақомоти Эрон ба 100 ҳазор зиндонӣ иҷоза доданд, ки ба таври муваққат ба хонаҳояшон баргарданд. Шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар Эрон аз 66 ҳазор ва ҳодисаҳои марг бар асари олудагӣ ба КОВИД-19 аз 4110 нафар гузаштааст.

Мақомоти эрониро барои вокуниши заиф дар муқобили эпидемияи коронавирус интиқод карда, гуфтанд, ки агар онҳо зуд иқдом мекарданд, вазъро мешуд таҳти назорат қарор дод. Рӯзи 9-уми апрел раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ишора кард, ки дар моҳи Рамазон маъракаҳои серодаме ба монанди намозҳои ҷамъӣ манъ мешавад, то пеши роҳи паҳншавии вирус гирифта шавад.

Моҳи Рамазон дар рӯзҳои охири моҳи апрел фаро расида як моҳ идома хоҳад кард.

Айни замон, дар изҳороти зиддунақизаш президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, кишвар шурӯъ аз рӯзҳои истироҳати оянда бояд тадриҷан ба ҳаёти маъмулӣ баргардад, вале ин изҳорот нигарониҳо аз бозгашти мавҷи дуюми эпидемияро ба бор овард.

Иқтисоди Эрон аз таҳримҳои ҷорикардаи Амрико дар вазъияти ногувор аст. Вашингтон соли 2018 Эронро ба вайронгарӣ дар минтақа гунаҳкор кард ва аз созиши ҳастаии соли 2015 бо Теҳрон хориҷ шуд.

XS
SM
MD
LG