Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 рӯз пеш СҶБ дар бораи паҳншавии коронавирус огоҳонида шуд


Аввалин бор вируси нав дар шаҳри Вуҳани Чин ошкор шуд ва баъди ин дар дигар нуқоти ҷаҳон босуръат паҳн шудан гирифт. Вуҳан аз инзивову маҳдудиятҳои сахт раҳо шуда тадриҷан ба ҳолати маъмулӣ бармегардад
Аввалин бор вируси нав дар шаҳри Вуҳани Чин ошкор шуд ва баъди ин дар дигар нуқоти ҷаҳон босуръат паҳн шудан гирифт. Вуҳан аз инзивову маҳдудиятҳои сахт раҳо шуда тадриҷан ба ҳолати маъмулӣ бармегардад

Ба назар мерасад, ки тадбирҳои маҳдудкунандаву карантин ҳодисаҳои бистарӣ шудани беморон дар бемористонҳову марги инсонҳо бар асари олудагӣ ба коронавирусро камтар мекунад ва ин кишварҳо тадриҷан заъиф кардани меъёрҳои маҳдудкунандаро андеша доранд. Роберто Азеведо, раиси кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи 8 апрел ҳушдор дод, ки вазъи фавқулоддаи беҳдоштӣ метавонад ба иқтисод таъсири амиқи манфӣ гузоранд.

Рӯзи 9 апрел аз эълони СҶБ дар бораи пайдоиши вируси хатарнок дар Чин 100 рӯз гузашт ва бархе мутахассисони тиб ҳушдор медиҳанд, ки суст кардани муқаррароти маҳдудкунандаву карантин баръакс метавонад паҳншавии вирусро суръат бахшад. То имрӯз шумораи олудашудаҳо ба коронавирус дар саросари сайёра ба 1,5 миллион нафар наздик шуда бар асари Ковид-19 то ҳол 89 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Омори воқеӣ метавонад аз ин ҳам баландтар бошад, чунки имкони анҷоми санҷишҳои тиббӣ маҳдуд буда қоидаҳои ҳисобу китоби даргузаштаҳо дар кишварҳо гоҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Бархе ҳукуматҳо барои адами шаффофият дар иттилои дақиқу дуруст дар ин замина интиқод мешаванд.

XS
SM
MD
LG