Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дороиҳои Назарбоева ва Алиев дар Лондон аз ҳабс озод шуд


Нуралӣ Алиев ва Дариға Назарбоева
Нуралӣ Алиев ва Дариға Назарбоева

Додгоҳи олии Лондон рӯзи 8-уми апрел ҳабси се иншоот, аз ҷумла қасреро, ки Нуралӣ Алиев, набераи Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дар онҷо зиндагӣ дорад, бекор кард.

Пештар аз ин Оҷонси миллии ҷиноии Бритониё дар доираи маъракаи мубориза зидди сармояе, ки аз роҳи номашруъ ба даст омадааст, амволи мазкурро ба ҳабс гирифта буд. Амволи баробар ба 80 миллион фунт стерлинг (наздики 140 миллион доллар) ба номи ширкатҳои офшорӣ сабт шудааст, ки моликонаш Нуралӣ Алиев ва модараш Дариға Назарбоева, духтари Нурсултон Назарбоев ҳастанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бритониё талаб карданд, ки аз кадом ҳисоб ба даст омадани ин амвол шарҳ дода шавад.

Ба иттилои расонаҳои Бритониё, Лондон ба "дороиҳои аз манбаъҳои номаълум бадастовардаи этилаи сиёсии Қазоқистон" таваҷҷуҳ кардааст.

Расонаҳо манзили набераи Назарбоевро бинои дорои сатҳи олии муҳофизат тасвир карданд. Ин манзил дар яке аз маъруфтарин кӯчаҳои Лондон ҷойгир аст. Ин бино ҳавз ва толори синамо низ дорад.

Нуралӣ Алиев - набераи Нурсултон Назарбоев ва писари калонии Дариға Назарбоева аст. Дариға Назарбоева аз издивоҷ бо Роҳат Алиев се фарзанд - ду писар ва як духтар дорад.

Нуралӣ Алиев аз соли 2014 то 2016 муовини раиси пойтахти Қазоқистон буд.

Падари Нуралӣ - Роҳат Алиев, сафири Қазоқистон дар Австрия, соли 2015 дар зиндони Австрия, ба гуфтаи тафтишот, худкушӣ кардааст. Чанд сол пеш аз маргаш вай ба мухолифи давлати Қазоқистон табдил шуд ва никоҳаш бо Дариғаро бекор кард.

Ҳамакнун додгоҳ қарор кард, ки ин амволро Дариға Назарбоеваи "аз нигоҳи иқтисодӣ мустақил" ба даст овардааст.

Намояндагони Дариға Назарбоева дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, нафари таҳти ҳимояташон "комилан сафед" шудааст. Ба гуфтаи намояндагон, "барои сафед кардани номи Назарбоева хеле талош кардаанд".

Нуралӣ Алиев дар навбати худ пажуҳиши мақомотро "ғайриқонунӣ ва беасос" унвон кард. Ба гуфтаи Алиев, Оҷонси миллии ҷиноии Бритониё бо оғози "тафтиши беасос" ӯ ва "хонаводаву кишвараш"-ро таҳқир кардааст.

Оҷонси миллии ҷиноӣ гуфтааст, ки аз рӯйи қарори додгоҳ шикоят мебарад.

XS
SM
MD
LG