Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи ОРЕС коҳиши истеҳсоли нафтро ба баррасӣ мегирад


Вазири энержии Саудӣ ва Русия - шоҳзода Абдулазиз бин Салмон Ассауд ва Александр Новак декабри соли 2019 дар ҷаласаи ОРЕС дар Вена
Вазири энержии Саудӣ ва Русия - шоҳзода Абдулазиз бин Салмон Ассауд ва Александр Новак декабри соли 2019 дар ҷаласаи ОРЕС дар Вена

Аъзои Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОРЕС), Русия ва дигар кишварҳои истеҳсолкунанда қарор аст рӯзи 9 апрел бо ҳадафи баррасии коҳиши истеҳсоли нафт ба хотири мӯътадил шудани вазъи бозор ташкили ҷаласа кунанд.

Ҷаласа замоне баргузор мешавад, ки бо сабаби пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва коҳиши фавқулоддаи сафару парвозҳо нархи нафт дар даҳсолаҳои охир ба поинтарин сатҳ фаромадааст. Нархи нафт пеш аз пандемияи коронавирус ҳам заъиф ва ба мояи ихтилофи Саудӣ ва Русия – ду истеҳсолкунандаи азими нафт дар ҷаҳон табдил шуд.

Баҳсҳои охир барои поин бурдани нархи нафт бо сабаби мухолифати ИМА дар кам кардани истеҳсол бо сабаби нақзи қонунҳои ИМА оид ба адами эътимод печидатар шуд. Президенти ИМА Доналд Трамп ҳафтаи гузашта гуфт, ки Сауиву Русияро ба созиш овард ва ин мувофиқа метавонад боиси рӯзона аз 10 то 15 миллион бушка камтар истеҳсол шудани нафт сабаб шавад. Ин созиш дигар ширкатдорони ОРЕС-ро ҳам водор мекунад, ки коҳиши истеҳсолро ба роҳ монанд. Маъмурияти Трамп гуфт, ки хоҳиши кам кардани захираҳои дохилиро надорад, чун, ба гуфтаи Кохи Сафед, истеҳсол бидуни иқдоме аз ҷониби ҳукумат ҳам кам шудааст.

Конфронси аъзои ОРЕС бо сабаби тадбирҳои марбут ба коронавирус ба шакли видеоӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG