Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украинаву Русия дар остонаи Иди Пок табодули зиндониҳоро ба роҳ мемонанд


16 январи соли 2020. Хешовандони зиндониҳо дар назди парлумони Украина истода озодкунии наздиконашон аз дасти ҷудоиталабонро тақозо доранд
16 январи соли 2020. Хешовандони зиндониҳо дар назди парлумони Украина истода озодкунии наздиконашон аз дасти ҷудоиталабонро тақозо доранд

Украинаву Русия бо даъвати ҷудоиталабон дар шарқи Украина розӣ шуданд, ки дар остонаи таҷлили Иди Поки провославӣ барномаи навбатии табодули зиндониҳоро иҷро кунанд. Изҳороти мазкур шоми 8 апрел тавассути як конфронси видеоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои Русия ва Украина, ки ба узвияти Гурӯҳи тамоси сегона шомил ҳастанд, нашр шуд.

Вебсайти президенти Украина Владимир Зеленский бо пахши изҳороте гуфт, ки мувофиқаҳо дар заминаи мушаххас кардани феҳристи зиндониҳо ва иҷрои ин нақша дар таърихҳои пеш аз таҷлили иди 19 апрел ба даст омадааст.

Борис Гризлов, фиристодаи Русия дар Гурӯҳи тамоси сегона гуфт, ки Киев ва ҷудоиталабон дар минтақаи Донбас дар тасдиқи феҳристи зиндониҳои табдилшаванда ба мувофиқа расиданд.

Вале то ҳол маълум нест, ки дар доираи табодули нави зиндониҳо чӣ шуморе аз маҳбусон аз ҳарду тараф озод хоҳанд шуд. Дар даври гузаштаи табодули зиндониҳо декабри соли гузашта 200 нафар озод шуда ба хонаашон баргаштанд.

Дар музокираи ахири тарафҳо, ки бо сабаби пандемияи коронавирус ба шакли конфронси видеоӣ барпо шуд, инчунин мавзӯи барчидани минаву нирӯҳо аз минтақаи Донбас баррасӣ шуд. То имрӯз талошҳои Киеву ҷудоиталабон барои дастёбӣ ба оташбас дар шарқи Украина бенатиҷа анҷомидааст.

Низоъҳо дар шарқи Украина аз апрели соли 2014 ба ин сӯ боиси кушта шудани тахминан 13200 нафар шудааст.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки дабири кулли СММ Антонио Гутерреш моҳи март аз ҷонибҳои даргир даъват кард, ки дар фазои пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон низоъҳоро хотима диҳанд.

XS
SM
MD
LG