Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон машқҳои оммавӣ баргузор кард


Худи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳам гӯиё дучархасаворӣ баромадааст.
Худи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳам гӯиё дучархасаворӣ баромадааст.

Рӯзи 7-уми апрел дар Туркманистон дар Рӯзи Ҷаҳонии Сиҳатӣ машқҳои оммавии варзишӣ баргузор карданд, ҳарчанд баръакси ин дар кишварҳои дигар барои роҳ надодан ба густариши коронавируси нав ба мардум дастур додаанд, ки аз ҳам фосила бигиранд.

Дар Туркманистон ба гуфтаи мақомот, ҳеҷ мавриди сирояти беморӣ сабт нашудааст ва ҳаргуна баррасии мавзуъ дар ин бора мамнӯъ аст. Рӯзи 7-уми апрел Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури худкомаи Туркманистонро дар телевизион намоиш доданд, ки ҳамроҳ бо гурӯҳи хурде аз мақомоти расмӣ асп ва дучархасаворӣ мекард.

Худи ӯ фақат ҳафтаи гузашта бори аввал коронавирусро дар мазҳари ом ба забон овард. Матбуоти давлатӣ гузориш дод, ки дар шаҳри Ишқобод 3500 нафар ва дар тамоми Туркманистон 7000 нафар ҳамроҳ дучархасаворӣ кардаанд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ гузориш дод, ки ҳафтаи гузашта маъмурони амниятӣ, ки либоси оддӣ ба бар доштанд, чанд касро, ки доир ба коронавирус гап мезаданд, бо худ бурданд.

XS
SM
MD
LG