Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 7 ҷангҷӯро кушта, силоҳҳояшонро гирифтаанд


Вазиристони Шимолӣ борҳо саҳнаи ҳамлаву бомбгузориҳои хунин шудааст.
Вазиристони Шимолӣ борҳо саҳнаи ҳамлаву бомбгузориҳои хунин шудааст.

Артиши Покистон мегӯяд, бо юриш ба ду пинҳонгоҳи Толибон дар марзи Афғонистон 7 нафари онҳоро кушт. Дар баёнияи расмӣ аз рӯзи 7-уми апрел омадааст, ки чаҳор ҷангҷӯро дар вилояти Вазиристони Шимолӣ куштанд, ки дар солҳои гузашта ба пойгоҳи чанде аз гурӯҳҳои ифротии дохилӣ ва хориҷӣ табдил ёфтааст.

Се ифротгарои дигар дар минтақаи қабоилнишини Муҳманд нобуд карда шудаанд. Дар баёнияи артиши Покистон омадааст, ки нерӯҳои амниятӣ ҳамчунин аз ҳарду пинҳонгоҳ аслиҳа ёфта ва мусодира кардаанд. Ҳоло маълум нест, ифротгароёни маҳвшуда узви кадом гурӯҳе будаанд. Хабари артиши Покистонро аз дигар манобеъ тасдиқ кардан, имконнопазир аст.

XS
SM
MD
LG