Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Туркманистон барои мубориза бо вирус наздики $1 млн медиҳад


Ишқобод, Туркманистон, моҳи марти 2020.
Ишқобод, Туркманистон, моҳи марти 2020.

Амрико бо ҳадафи мубориза бо коронавирус ба Туркманистон 920 ҳазор доллар медиҳад. Дар ин бора сафорати ИМА дар Туркманистон хабар дод.

Маблағи ҷудошуда барои таҳияи озмоишгоҳҳо, ташхиси гирифторӣ ба бемориҳои гузаранда, хабар додан аз хатарҳо ва ғайра сарф мешавад.

Дар хабари вазорат омадааст, ки айни ҳол ҳукумати Туркманистон расман ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 -ро дар кишвар тасдиқ намекунад ва эҳтимол дорад, дар сурати ошкор шудани гирифторӣ низ тасдиқ накунад.

Ҳукумати он кишвар ахиран тадбирҳоеро барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус роҳандозӣ кард, аммо ҳамзамон дар Туркманистон чорабиниҳое бо ширкати шумораи зиёди одамон баргузор мешавад, пӯшидани ниқоби тиббӣ манъ аст ва хонандагонро баъди анҷоми таътили баҳорӣ дубора ба мактаб даъват карданд.

Ҳукумати он кишвар ҳам пӯшидани ниқобро дар кӯчаҳо ва ҳам фурӯши онро дар дорухонаҳо манъ кардааст. Ба ин тартиб, ба забон овардани вируси корона дар Туркманистон ғайрирасмӣ мамнуъ шуд. Аммо расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки бемориҳое монанд ба нишонаҳои коронавирус дар чанде аз минтақаҳои Туркманистон ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG