Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон шумораи гирифторон ба коронавирус ба 520 тан расид


Узбекистон барои муқобила бо вирус муқаррароти сахт ҷорӣ кардааст.
Узбекистон барои муқобила бо вирус муқаррароти сахт ҷорӣ кардааст.

Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, то 7-уми апрел дар ин кишвар 520 ҳолати мубталошавӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шудааст. Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Узбекистон, 23 шаҳрванди ин кишвар низ, ки дар хориҷ қарор доранд, ба вируси корона мубтало шудаанд.

Ин узбекистониҳо дар ИМА (10), Покистон (5), Қазоқистон (2), Австрия (1), Арманистон (1), АМА (1), Куриёи Ҷанубӣ (1), Русия (1) ва Тайланд (1) ба коронавирус мубтало шудаанд. Пештар дар бораи ҳалокати се узбекистонӣ аз коронавирус дар Ню-Йорк хабар дода шуд.

Вазорати умури хориҷии Узбекистон аз ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар дар хориҷ даъват кардааст, ки талаботи мақомоти маҳаллиро дар мубориза зидди коронавирус иҷро карда, аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG