Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон наметавонад шаҳрвандони дармондаашро баргардонад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Комиссияи махсуси ҷумҳурявии Узбекистон оид ба таҳияи барномаҳои пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус тасмим гирифт, ки аз 30 март то 20 апрел фаъолияти тамоми фурудгоҳҳо ва парвози ҳавопаймоҳо ба ин кишвар манъ карда шавад.

Дар иттилоияи ситоди фаврии мубориза бо коронавирус дар Узбекистон гуфта нашудааст, ки рӯзҳои наздик барои баргардонидани шаҳрвандони дармондаи ин кишвар дар хориҷ парвозҳои махсус анҷом мешавад.

​Дар ҳамин ҳол гуруҳи шаҳрвандони Узбекистон, ки дар Русия, Туркия, Бритониё ва АМА дармондаанд, дархости кумак доранд. Беш аз 20 ӯзбекистонӣ аз ҳукумати кишвари худ дархост доранд, ки тавассути парвози махсус онҳоро ба ватан баргардонад.

Як гуруҳи узбекистониҳои дигар низ бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз Дубай гуфтанд, аз 10 март ба ин сӯ дар он шаҳр дармонда, наметавонанд ба ватан баргарданд. "Зеро кормандони сафорати Узбекистон тавассути парвозҳои махсус шиносҳои худро фиристоданд", - изҳор доштанд баъзе аз онҳо.

"Шумори узбекистониҳои дармонда дар хориҷ чанд ҳазор аст. Инҷо сухан на танҳо дар бораи баргардонидани онҳо, балки дар бораи ташкили макони карантин низ меравад. Барои ин ҳама иншоот ва сармоя лозим аст. Ҳоло ҳукумат аз ҳисоби худ баргаштаҳоро дар каратин нигаҳ медорад. Вале ҳама чиз ҳадду ҳудуд дорад. Давлат барои ҳамаи онҳо маблағ аз куҷо меёбад? Бинобар ин, ҳоло дар ин масъала "танаффус" эълом шудааст", - изҳор дошт як мансабдори узбек дар шарҳи барнагардонидани узбекистониҳои дармонда.

Вазорати умури хориҷии Узбекистон низ ба шаҳрвандони дармондаи ин кишвар дар хориҷ иттилоъ дод, ки ҳама гуна парвозҳо то 20 апрели соли равон қатъ карда шудааст.

XS
SM
MD
LG