Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW гуфт, Аслам Форуқӣ бояд дар додгоҳи одилона муҳокима шавад


Абдулло Оракзай, маъруф бо лақаби Аслам Форуқӣ рӯзи 4 апрел ҳамроҳ бо ду фармондеҳ ва 19 шӯришии дигар боздошт шуд
Абдулло Оракзай, маъруф бо лақаби Аслам Форуқӣ рӯзи 4 апрел ҳамроҳ бо ду фармондеҳ ва 19 шӯришии дигар боздошт шуд

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Афғонистон тақозо кард, ки раҳбари гурӯҳи “Давлати исломии вилояти Хуросон”-ро, ки як ташаккули вобаста ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошад, бар асоси иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ба ҷавобгарӣ кашанд.

HRW рӯзи 6 апрел бо пахши изҳороте гуфт, ки Афғонистон бояд Аслам Форуқиро, ки ду рӯз пеш дар вилояти Қандаҳор боздошт шуд, бар асоси муқаррароти байналмилалии ҳуқуқи башар бо мурофиаи одилона таъмин кунад.


Исми воқеии Форуқӣ Абдуллоҳ Оракзай буда, июли соли 2019 раҳбарии созмони ба ном “Давлати исломии вилояти Хуросон”-ро ба ӯҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ масъулияти чандин ҳамла дар саросари Афғонистонро ба ӯҳда гирифта даҳҳо мардуми мулкиро ба қатл расонидааст.

Патрисиа Госсман, яке аз мудирони бахши Осиёи HRW гуфт, боздошти Форуқӣ “барои ҳукумати Афғонистон имконият медиҳад, ки тавонмандии худро дар таъмини адолат нисбати қурбониҳои ҷиноятҳои ҷангӣ ва дигар беқонуниҳо ба намоиш гузорад”. Госсман гуфт, ки имкони дар додгоҳ баёнот додани осебдидаҳои ҷиноятҳои Форуқӣ хеле муҳим мебошад.

XS
SM
MD
LG