Толибон гуфтанд, музокира бо ҳукумати Афғонистон, ки бо миёнҷигии ИМА ба хотири табодули зиндониҳо шурӯъ шуда буд, қатъ мешавад. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар рӯзи 7 апрел дар Твиттераш навишт, ки тими фаннии Толибон “дар музокираҳои бесамар” иштирок намекунад.
Шоҳин маъмурияти президент Ашраф Ғаниро дар он муттаҳам кард, ки бо баҳонаҳои гуногун ҷараёни озодкунии зиндониҳоро ба таъхир мегузоранд. Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон аз Толибон тақозо кард, ки аз роҳи “баҳонаҷӯӣ” ҷараёни корро ба ҳам назананд.
Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки Толибон озод кардани фармондеҳони аршади ин гурӯҳи шӯриширо тақозо доранд, ки ба гуфтаи мақомот, дар солҳои гузашта дар анҷоми ҳамлаҳои пурхушунат даст доштанд.
Боздошта шудани музокираҳо ба тавсеаи хушунатҳо ва иҷро нашудани нақшаи аз Афғонистон берун рафтани нирӯҳои амрикоӣ сабаб мешавад. Ин шартҳои муҳими созиши сулҳи ИМА бо Толибон мебошад, ки 29 феврал дар Қатар имзо шуда буд. Як бахши дигари созиш ин аст, ки ба нишони эътимоди ҳамдигарӣ ҳукумат 5 ҳазор узви Толибон ва гурӯҳи шӯришӣ як ҳазор низомии ҳукумати Афғонистонро аз зиндонҳо озод мекунанд.