Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон маълум шуданд


Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Тоҷикистон, ки аз 2-юм то 6-юми апрел дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа доир шуд, беш аз 120 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат дошт.

Дар мусобиқаи имсола варзишгарон дар ҳайати 8 даста (дудастаӣ аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, инчунин дастаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (5 вазн миёни занон ва 8 вазн миёни мардон) рақобат карданд.

Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ, рӯзи 7-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар сабқати занон дар ҳамаи панҷ вазн варзишгарони шаҳри Душанбе – Сумайя Қосимова (-51 кг), Миҷгона Самадова (-57кг), Шоира Зулқайнарова (-60 кг), Идимоҳ Холова (-69 кг) ва Фарзона Каримова (-75 кг) - ғолиб шуданд.

Ба иттилои ӯ, дар сабқати мардон дар панҷ вазн варзишгарони Душанбе - Саидикром Амонов (-69 кг), Мирзомуҳаммад Бахтиёр (-75 кг), Аҳмадҷон Саидов (-81 кг), Давлат Болтаев (-91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) – ҷойҳои аввалро касб намуда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Дар ду вазни дигар муштзанҳо аз вилояти Суғд - Муҳаммад Абдусамадзода (-52 кг) ва Абдураҳмон Ёқубов (-63 кг), инчунин Бахтовар Сагизов (-57 кг) аз вилояти Хатлон ғолиб омаданд.

Қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон ба ҳайати дастаҳои мунтахаби занона ва мардонаи кишвар дохил шуда, минбаъд Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ хоҳанд кард

"Дар мусобиқаи имсола ду муштзани маъруфи тоҷик - Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио роҳхат гирифтаанд, ширкат надоштанд. Ба ҳарду имкон дода шуд, ки ба мусобиқоти байналмилалӣ, бахусус Олимпиадаи соли 2021 хубтар омодагӣ бигиранд", - гуфт Мансур Муҳиддинов.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии бокси Тоҷикистон-2020

Занон

Вазни -51 кг
1. Қосимова Сумайя (Душанбе)
2. Ҳақназарова Руҳафзо (Душанбе-1)
3. Идимоҳи Саидқул (Хатлон-1)
3. Холова Ҳусния (Хатлон-2)

Вазни -57 кг
1. Самадова Миҷгона (Душанбе)
2. Абдухолиқзода Мадина (Душанбе-1)
3. Лайлои Бурҳон (Душанбе)
3. Мелибоева Фотима (ШНТМ)

Вазни -60 кг
1. Зулқайнарова Шоира (Душанбе)
2. Раҳимова Шаҳло (Душанбе-1)
3. Асадова Мавлуда (Душанбе)
3. Нозимова Мавлуда (Хатлон-2)

Вазни -69 кг
1. Холова Идимоҳ (Душанбе)
2. Бобоёрова Нилуфар (Душанбе)
3. Ҷалилова Ҷавҳарбӣ (Хатлон-2)
3. Малиқоева Ҷавоҳирот (Душанбе)

Вазни -75 кг
1. Каримова Фарзона (Душанбе)
2. Шоймуродова Фарзона (Душанбе)
3. Одинаева Мавлуда (Хатлон-2)
3. Каримова Нодира (Хатлон-1)

Мардон

Вазни -52 кг
1. Абдусамадзода Муҳаммад (Суғд-2)
2. Эмомалӣ Раҳмон (Хатлон-2)
3. Шобдуллоев Ганҷибек (Душанбе)
3. Рустамов Шермуҳаммад (Суғд-2)

Вазни -57 кг
1. Сагизов Бахтовар (Хатлон-2)
2. Шарипов Абдулло (Душанбе-1)
3. Маҳмудов Ворис (Душанбе)
3. Дурандеш Амирхон (Хатлон-2)

Вазни -63 кг
1. Ёқубов Абдураҳмон (Суғд-1)
2. Саломатов Шуҳрат (Душанбе)
3. Ниёзмамадов Элчибек (Душанбе)
3. Ҳамидов Меҳроб (Душанбе-1)

Вазни -69 кг
1. Амонов Саидикром (Душанбе-1)
2. Оғоназаров Шоҳрух (ВМКБ)
3. Назаров Амирҷон (Хатлон-2)
3. Қурбонов Имомдод (Душанбе)

Вазни -75 кг
1. Мирзомуҳаммад Бахтиёр (Душанбе)
2. Қаюмов Замирбек (Суғд-2)
3. Нозимов Шоҳрух (Хатлон-2)
3. Амонов Абубакр (Душанбе-1)

Вазни -81 кг
1. Саидов Аҳмадҷон (Душанбе)
2. Шарипов Некрӯз (Хатлон-2)
3. Шоҳназаров Фаридун (Хатлон-2)
3. Қиматшоев Броимшо (ВМКБ)

Вазни -91 кг
1. Болтаев Давлат (Душанбе)
2. Қурбонов Ҷасур (Суғд-1)
3. Каримов Парвиз (Душанбе-1)
3. Муҳаммад Ҷалолиддин (Хатлон-2)

Вазни +91 кг
1. Зуҳуров Сиёвуш (Душанбе)
2. Қурбонов Ҷаҳон (Суғд-1)
3. Бафоев Абубашир (Душанбе)
3. Аброриддинов Муҳаммад (Душанбе-1)

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG