Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбатпоии қазоқистониҳо барои дарёфти кумакпулӣ


Алмато, Қазоқистон, 3 апрел, 2020.
Алмато, Қазоқистон, 3 апрел, 2020.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ду ҳафта пеш ба қазоқистониҳое, ки ба иллати паҳн шудани коронавирус ҷои кор ё тиҷорати худро аз даст додаанд, кумаки иҷтимоӣ дар ҳаҷми 42500 танга муодили ($95) ваъда кард. Ба гуфтаи Тоқаев, ин кумакро дар умум на камтар аз 1,5 миллион аҳолии Қазоқистон дарёфт хоҳанд кард.

Мақомоти қазоқ дертар гуфтанд, кумакро онҳое дарёфт мекунанд, ки расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд ва метавонанд инро исбот кунанд. Баъдан қоидаҳо соддатар шуда, гуфтанд, ба онҳое низ кумак карда мешавад, ки боре андоз насупориданд. Дар пайи ин изҳорот навбатпоии қазоқистониҳо дар назди идораҳои давлатӣ, бахусус почта ва бонкҳо барои ба қайдгирӣ ва дарёфти кумакпулӣ ба миён омадааст.

"Барои дарёфти 42500 танга мо бояд дар идораи таъминоти иҷтимоӣ сабти ном кунем. Барои сабти ном ба он мошин бояд 2600 танга супорем. Вале ман ин пулро барои чӣ месупорам? Оё баъди супоридани ин маблағ воқеан ҳам кумакпулиро дарёфт карда метавонам?",-изҳор дошт Гулнур Кетебоева, яке аз сокинони маҳаллӣ.

Мақомоти Қазоқистон ба сокинон пешниҳод карданд, ки барои дарёфти кумак тавассути сомонаи тозатаъсис ё барномаи телефонӣ дархост фиристанд. Вале корбарон мегӯянд, дар кори сомона ва барномаҳои мазкур нуқс вуҷуд дорад.

Бино ба маълумоти пешакӣ, эълони ҳолати фавқулодда дар Қазоқистон ва пурра баста шудани бузургтарин шаҳрҳои ин кишвар - Нурсултон ва Алмато аз 19 март ба вазъи молии ҳудуди 500 ҳазор қазоқистонӣ таъсири манфӣ расондааст. Дар Қазоқистон то рӯзи сешанбе 662 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG