Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз коронавирус: "Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ду соли оянда суст мешавад"


Бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Иқтисоддонҳои Бонки Осиёи Рушд дар гузориши тозаи худ - "Шарҳи рушди Осиё 2020" пешбинӣ карданд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон то ду соли дигар кам шуда соли ҷорӣ 5,5 фоиз ва соли 2021 панҷ дарсад хоҳад шуд. Аммо Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар оғози сол рушди иқтисоди кишварро дар соли 2020 ҳашт фоиз (!) пешбинӣ кард.

Ба гуфтаи иқтисоддонҳои Бонки Осиёи Рушд, "камшавии сармогузориҳои давлатӣ, коҳиши интиқоли пули ва сармоягузориҳои ночизи хориҷӣ дар натиҷаи хуруҷи COVID-19, рушди иқтисодро дар Тоҷикистон дар солҳои 2020- 2021 суст (кунд) мекунанд".

Прадип Сривастава, роҳбари дафтари Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон мегӯяд, таъсири COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистонро дар шакли комил мебояд ҳанӯз арзёбӣ кард, аммо аз ҳоло аён аст, ки беморӣ боиси "қатъи тиҷорат, таъхири лоиҳаҳои сармоягузорӣ, коҳиши даромад, заиф шудани асъори миллӣ, афзоиши хароҷот барои ҳифзи тандурстӣ, маҳдуд шудани муҳоҷирати меҳнатӣ шуд".

Бонки Осиёи Рушд аз нахустин созмонҳои байналмилалии шарики Тоҷикистон аст, ки таъсири COVID-19ба иқтисоди кишварро арзёбӣ кард. Бинобар ин пешбинӣ таваррум ва ё инфлятсияи қурби миллӣ имсол ба 10 фоиз мерасад.

Дар ҳамин росто Бонки Осиёи Рушд ба зарурати ислоҳоти сиёсати андоз дар Тоҷикистон таъкид мекунад. Бонк мегӯяд, ширкатҳо дар кишвар "андоз ва боҷҳои иҷтимоиву нафақаеро мепардозанд, ки аз меъёри кишварҳои иқтисодашон дар ҳоли гузариши Аврупо ва Осиёи Марказӣ ду маротиба бештар аст".

Муаллифони гузориш мегӯянд Тоҷикистон барои беҳтар кардани шароити бизнес сиёсати андози худро бояд бознигарӣ карда, барои пур кардани будҷа воситаҳои дигар пайдо намояд.

Бо таъкид сари бозбинии сиёсати андоз, Бонки Осиёи Рушд гуфтааст, Тоҷикистон бояд ба ҳамон арсаҳои бизнес имтиёзи андозӣ диҳад, ки таъсири мусбати он ба рушди минтақа навоварӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баръало рушан бошад.

Ишораи бонк ба имтиёзҳои андозӣ дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон чанд соли охир ба ширкату соҳибкороне имтиёзҳои андозӣ медиҳад, ки гуфта мешавад афроди наздик ба ҳукумати Тоҷикистонанд ва ё бо мансабдорони раддаи аввал риштаи хешу таборӣ доранд.

Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳанӯз пешбинии худ дар мавриди рушди 8 дарсадии иқтисод дар соли 2020-ро бозбинӣ накардааст.

Як масъули баланд пояи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ки нахост номаш бурда шавад дар як сӯҳбати кутоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ягон пешбинӣ догма нест ва бо тағйир ёфтани вазъият, он метавонад бознигарӣ шавад", аммо ҳанӯз барои тағйир додани нақшаи рушди иқтисоди кишвар мо заруратро намебинем.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, пешбинии Бонки Осиёи Рушд пессимистона аст, агар ҳам суръати рушди иқтисоди кишвар зери таъсири хуруҷи вирус кам шавад, ҳам на ба он ҳадде мешавад, ки ин бонк пешбинӣ кардааст.

"Борон меборад ва ё намеборад"

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ба рафъи зудраси мушкили короновирус бовар доранду умед ба рушди 8 дарсадии иқтисод мебанданд, коршиносони мустақил мегӯянд, бо сарфи назар кардани мушкили таъсири бади он ба кишвар кам намешавад.

Профессор Нуриддин Қаюмов олими иқтисод аз Тоҷикистон мегӯяд, дар шароите ки вазъияти ҷаҳон ҳар лаҳза дар ҳоли таҳаввул аст, пешбинӣ кардани ояндаи рушди иқтисод хеел мушкил аст.

"Медонед, дар чунин вазъият пешбинӣ кардани мисли пешбинии обу ҳаво аст, ки гоҳҳо мегӯянд, эҳтимол борон меборад ва ё намеборад. Аммо боз ҳам бо такя ба таҷрибаҳои соли гузашта метавон гуфт, ки рушди иқтисоди кишвар чизе миёни 5 дарсади гуфтаи Бонки Осиёи Рушд ва 8 дарсади гуфтаи ҳукумат қарор хоҳад гирифт. Чун одатан пешбиниҳои созмонҳои байналмилалӣ аз Вазорати рушди иқтисод дида ҳар сол камтар аст. Аммо дар охири сол бештари маврид рушди иқтисод ба пешбинии вазорат рост меояд. Чунки ин вазорат худ пешбиниҳоро таҳия мекунад ва дар охири сол худ натиҷаҳои рушдро арзёбӣ мекунад",-афзуд Қаюмов.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG