Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гуфт, дар ҳолати карантин хушунати хонаводагӣ афзоиш ёфтааст


Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бо нашри як паёми видеоӣ дар "Твиттер" гуфт, дар шароити карантин, ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус ҷорӣ аст, ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ афзоиш ёфтааст.

"Ҳафтаҳои ахир мо дар пайи ташдиди фишорҳои иқтисодиву иҷтимоӣ шоҳиди ҳолатҳои даҳшатбори хушунати хонаводагӣ мешавем", - изҳор дошт дабири кулли СММ.

Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе аз кишварҳо шикояти занон ба хадамоти кумакрасон зиёд шудааст. Гутерриш мегӯяд, кори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тиб бештар шуда, манбаъҳо барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ намерасанд.

Дабири кулли СММ ба мақомоти кишварҳо пешниҳод кардааст, то сармоягузории созмонҳои ғайритиҷориеро афзоиш диҳанд, ки бо дастгирии қурбониёни хушунати хонаводагӣ машғул ҳастанд.

Дар Русия аллакай 9 созмони ҷамъиятие, ки бо қурбониёни хушунати хонаводагӣ кор мекунанд, аз мақомот хостанд, то барои ҳимоят ва кумаки осебдидагони вазъи карантин чораҳои фаврӣ андешанд.

Бино ба баъзе аз хабарҳо, дар ҳоли ҳозир дар саросари олам 2,6 миллиард одам дар ҳолати карантин ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG