Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2020


Дастаҳои футболи Тоҷикистон.

Дар нахустин даври мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзи якшанбеи 5-уми апрел баргузор шуд, се бозӣ доир гардид. Як дидор бо пирӯзии мизбонон хотима ёфт, ду бозӣ мусовӣ шуд.

Дастаи «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ «Истаравшан»-и Истаравшанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Бозӣ миёни дастаҳои нави лигаи олӣ - «Локомотив-Помир» (Душанбе) ва «Файзканд» (Восеъ) - бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом пазируфт. Бозии «Кӯктош» (Рӯдакӣ) бо «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бидуни гол хотима ёфт.

Боз ду бозии дигари даври аввали мусобиқа рӯзи чоршанбеи 8-уми апрел миёни дастаҳои «Душанбе-83» (Душанбе) – «Истиқлол» (Душанбе) ва ССКА (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) барпо мегардад.

Бояд гуфт, ки бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бозиҳо муваққатан бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд. Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ин тасмим бо тавсияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба иллати хатари коронавирус ва бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ гирифта шудааст.

Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба ҳафт дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), ССКА (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Хатлон» (Бохтар), се дастаи нав - «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Файзканд» (Восеъ) ва «Душанбе-83» (Душанбе) - пайваcтанд.

Мусобиқаи лигаи олӣ дар се давра доир мегардад. Ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад. Бар асоси дастури мусобиқа дастаҳое, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойҳои нӯҳуму даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2021 ба лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи лигаи аввал дар мавсими соли 2020 ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 мушарраф мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«Локомотив-Помир» – «Файзканд» – 2:2

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 49 (0:1). Шаҳром Сулаймонов, 55 (1:1). Азизбек Ҳасанов, 71 (2:1). Азизҷон Зарипов, 72 (2:2).

«Локомотив-Помир» (Душанбе): Шоҳрух Қирғизбоев, Раҳматшо Раҳматзода, Маҳмуд Пиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шуҳрат Элмуродов, Ҳакимҷон Ҳасанов (Хусрав Тоиров, 83), Азизбек Ҳасанов (Муҳаммад Буризода, 80), Сорбон Ғиёсов (Фахриддин Аҳтамов, 70), Озодбек Панҷиев, Ҷонибек Шарипов, Шаҳром Сулаймонов.

«Файзканд» (Восеъ): Фатҳулло Бобоев, Самандар Шарипов, Наврӯз Рустамов, Далерҷон Тухтасунов, Вайсиддин Сафаров, Ҷасур Қурбонов, Дилшодҷон Баротов, Маҳмадалӣ Содиқов (Хайрулло Азизов, 24), Сайёди Ковусшо (Азизҷон Зарипов, 65), Ҷамшед Муродов, Анвар Муродов (Ҳиматулло Малодӯстов, 81).

Огоҳӣ: Раҳматшо Раҳматзода («Локомотив-Помир»), Наврӯз Рустамов, Дилшодҷон Баротов, Сайёди Ковусшо, Ҷамшед Муродов («Файзканд»).

Беҳтарин бозигари дидор: Шаҳром Сулаймонов («Локомотив-Помир»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

5-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (0:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 53 (1:1). Эҳсон Бобоев, 90+4 – аз пеналтӣ (2:1).

«Хатлон» (Бохтар): Шаҳром Исмоилов, Ҳусейн Нурматов, Наимҷон Иброҳимзода, Равшан Азизов, Муҳаммад Насков, Сорбон Авғонов (Саидшо Бозоров, 78), Умарҷон Шарипов, Кароматулло Саидов, Эҳсон Бобоев, Худойдод Узоқов (Фирдавс Алиназаров, 71), Парвиз Боқӣ-Охунов.

«Истаравшан» (Истаравшан): Ҳусейн Азизов, Азизҷон Шамсиев, Фаридун Деҳқонов, Диловар Бойқузиев, Қаҳрамон Ҳомидов (Ҷозеф Феумба, 75), Ҳоҷибой Зиеёв (Абдураҳмон Қурбонов, 85), Абдуқаҳҳор Қодиров, Бахтовар Зокиров (Бахтиёр Абдураҳмонов, 75), Насим Расулов, Илҳом Баротов, Мбека Сиебатчеу.

Огоҳӣ: Кароматулло Саидов («Хатлон»), Мбеке Сиебатчеу, Фаридун Деҳқонов, Бахтиёр Холиқов («Истаравшан»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Равшан Азизов («Хатлон»), 62 – корти 2-юми зард, Бахтиёр Абдураҳмонов («Истаравшан»), 90+3 – ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.

Беҳтарин бозигари дидор: Кароматулло Саидов («Хатлон»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

5-уми апрел. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Қурбонали Бобоев, Принс Артур, Холмурод Назаров, Султоншо Мирзоев, Аҳтам Холбоев (Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 46), Отабек Каримов, Мунир Давлатбеков, Бунёд Шодиев, Далер Ёдгоров, Муҳиддин Одилов (Собирҷон Холматов, 89), Аббос Икромов (Азизбек Султонов, 67).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Беҳрӯз Хайриев, Ёқубҷон Аҳмадов (Доробҷон Эргашев, 85), Алишер Холмуродов, Акбар Бобомуродов, Оятулло Сафаров, Акбари Шелдорӣ Ораш, Нозим Бобоҷонов, Расул Пайзов, Ҳоҷиакбар Узоқов, Диловаршо Ғаниев (Шерзод Маҳамадиев, 46), Сардорбек Эминов.

Огоҳӣ: Отабек Каримов, Муҳсин Абдуғаффоров, Аббос Икромов («Кӯктош»), Диловаршо Ғаниев, Ёқубҷон Аҳмадов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳоҷиакбар Узоқов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

5-уми апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

8-уми апрел (чоршанбе)

Оғози бозиҳо - соати 16:00

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Ваҳдат, Варзишгоҳи марказӣ

ССКА – «Хуҷанд»

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Душанбе, варзишгоҳи ССКА-и ВМ ҶТ

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG