Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносони амрикоӣ дар бораи вирус ва кумак ба Тоҷикистон гуфтанд


Масъулони ду созмони бонуфузи амрикоӣ гуфтанд, бо вуҷуди вазъи нигаронкунанда ва паҳншавии босуръати КОВИД-19 дар ИМА, ин кишвар омодааст ба шариконаш дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ёрӣ кунад.

Даниел Сингер – раҳбари минтақавии марказҳои амрикоӣ оид ба назорат ва ҷилавгирии бемориҳо ва Ҷошуа Карнес – намояндаи Барномаи рушди байналмилалии Амрико дар ин бора рӯзи 3-юми апрел дар нишасти онлайнӣ ба хабарнигорони минтақа ибрози назар карданд.

Онҳо гуфтанд, аз замони пайдо шудани вируси корона аз масъулон дар кишварҳои минтақа суолҳои зиёде мегиранд ва пайваста бо онҳо гуфтугӯ доранд.

Даниел Сингер, раҳбари минтақавии марказҳои амрикоӣ оид ба назорат ва ҷилавгирии бемориҳо гуфт: “Ҳоло сармоягузории иловагиро интизорем, ки барои таҳкими кор дар гузаргоҳҳои марзии кишварҳо пешбинӣ шудааст. Дар ду даҳсолаи ахир мо 160 эпидемиологҳоро омӯзиш додем. Барои мисол, ҳоло дар Қирғизистон беҳтарин эпедимиологҳо фаъолият доранд.”

Мутахассисони амрикоӣ дар бораи то ба ҳол ошкор нашудани ҳолати гирифтории сокинон ба коронавирус дар Тоҷикистон изҳори назар карданд. Ҷошуа Карнес, намояндаи барномаи рушди байналмилалии Амрико гуфт, фикр мекунад, ягон далеле барои пинҳон кардани мавриди гирифторӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад: “Таҷрибаи ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистонро дорам ва то ҷое медонам, дар робита ба омор ошкоранд ва дар ин масъала шубҳа намекунам.”

Аммо, ба гуфтаи ин коршинос, ҳоло бояд таваҷҷӯҳи асосӣ ба масъалаи афзоиши тестҳои озмоишӣ ва сифати онҳо равона карда шавад. Даниел Сингер, раҳбари минтақавии марказҳои амрикоӣ оид ба назорат ва ҷилавгирии бемориҳо мегӯяд, «ба кишварҳо, махсусан ба Тоҷикистон, дар таъмиини тестҳои босифат кумак мекунем. Барои чунин ташхисҳо, озмоишҳои босифат хеле заруранд”.

Мутахассисони амрикоӣ аз мақомоти Қирғизистон барои пешниҳоди ошкор ва саривақтии иттилоъ дар робита ба коронавирус ба ҷомеа ситоиш карданд. Ба таъкиди онҳо, барои сари вақт ҷилавгирӣ шудан аз паҳншавии вирус ин нукта бисёр муҳим аст.

XS
SM
MD
LG