Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар як шабонарӯз тақрибан якуним ҳазор қурбонӣ додааст


Амрико. 1-уми апрели соли 2020
Амрико. 1-уми апрели соли 2020

Иёлоти Муттаҳида аз ҷон бохтани наздик ба якуним ҳазор нафар дар 24 соати гузашта бар асари олудагӣ ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод.

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, Амрико рӯзи 3-юми апрел марги 1480 танро дар шабонарӯз сабт кард, ки баландтарин мизони ҷонбохтагон дар муддати шабонарӯзи гузаштаро нишон медиҳад.

Бо ин рақамҳо, шумори фавтидагон аз коронавирус дар Амрико ба 7406 тан расид. 273 ҳазор тани дигар ба ин вирус дар Амрико мубталоянд. Ин рақамҳо ҳар лаҳза дар ҳоли тағйиранд.

Аёлати Ню-Йорк баландтарин омори қурбониёни коронавирусро дорад.

Бисёре аз аёлатҳои Амрико дар карантин ҳастанд ва аз сокинон хоста шудааст, дар хонаҳояшон монда, танҳо дар сурати зарурат ба берун бароянд.

Мақомҳо ба мардум гуфтаанд, дар берун даҳону биниашонро бипӯшонанд.

XS
SM
MD
LG