Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, рӯзи 21-уми марти имсол, пеш аз баста шудани марзҳо, ба 30 шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза дода буданд, ки аз сарҳад гузаранд. Ин афрод аз муҳоҷирати корӣ аз Русия меомаданд. Қирғизистон ба далели паҳншавии коронавирус марзҳояшро баста, вазъи фавқулода ҷорӣ намудааст.
Ҷениш Ашӯрбоев, намояндаи маркази иттилоотии комендатураи Ӯш, рӯзи 3-юми апрел ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт: "Гурӯҳи муҳоҷирон дар пайи музокираҳои вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар тавассути гузаргоҳи "Қарамиқ” ба Тоҷикистон ворид шуданд".
Ба қавли ӯ, "баъди ҷорӣ шудани ҳолати фавқулода ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи берун шудан аз хоки Қирғизистон дода нашуд", - афзуд ӯ.
Айни замон маълум нест, чӣ шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби ҷорӣ шудани ҳолати изтирориву баста шудани марзҳо дар хоки Қирғизистон мондаанд.
Рӯзи 3-юми апрел шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар Қирғизистон 130 нафарро ташкил дод ва дар ин рӯз хабари марги як нафар бар асари олудагӣ ба бемории ҳамагири КОВИД-19 тасдиқ шуд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ин дам ягон мавриди олудашавии сокинон ба коронавирус сабт нашудааст, вале чораҳои пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии ин бемориро рӯйи даст гирифтаанд. Кишвар марзҳоро баста, парвози ҳавопаймоҳоро қатъ намудааст.
Беш аз шаш ҳазор нафаре, ки аз моҳи феврал ба ин тараф аз хориҷа ба Тоҷикистон баргаштанд, ба "карантин" фаро гирифта шудаанд. Дар аввал сокинон аз шароити, ба гуфтаи онҳо, бади маҳалли карантин шикоят доштанд, вале дертар гуфтанд, дар осоишгоҳҳои нисбатан беҳтар ҷойгир карда шудаанд.