Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон равуо байни минтақаҳоро манъ карданд


Шаҳри Тошканд, Узбекистон.
Шаҳри Тошканд, Узбекистон.

Дар Узбекистон равуои шаҳрвандон ба минтақаҳо, ҳатто ба ҷанозаи наздикон ва беморбинии пайвандон, манъ шуд. Дар ин бора Шоҳрух Ғиёсов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Узбекистон хабар дод. Ба гуфтаи вай, маҳдудиятҳои карантин бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷорӣ шудааст.

"Ин талабот барои ҳама яксон аст. Ҳатто дар сурати марги наздикон ҳам шаҳрвандон наметавонанд аз як минтақа ба минтақаи дигар раванд", - гуфт Шоҳрух Ғиёсов. Вай илова кард, ки афроди бистарии беморхонаҳо баъди табобат гирифтан метавонанд ба маҳалли зисти доимии худ раванд.

"Аммо касоне ки беморони рухсатшударо то маҳали зисташон ҳамроҳӣ мекунанд, то поёни давраи карантин ҳаққи баргаштанро надоранд. Барои мисол, агар касе аз Тошканд бемореро ба минтақае бурд, иҷозаи ба Тошканд баргаштанро надорад", - шарҳ дод Ғиёсов.

Карантин дар Узбекистон дар робита ба паҳншавии вируси корона аз 16 март шуруъ шуд. Сар аз 27 март сокинони Узбекистон аз ҳаққи кӯча баромадан бе зарурат маҳрум шуданд. Шаҳрвандон метавонанд, танҳо барои харидани ғизо ё дору ба берун бароянд.

То 2 апрел дар Узбекистон 205 мавриди гирифторӣ ба вируси корона ва ду ҳолати фавт сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG