Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон аз хатарҳои коронавирус


Аҳли ҳунар ва адаби Тоҷикистон дар вокуниш ба паҳн шудани бемории ҳамагири COVID-19 дар сартосари ҷаҳон садо баланд карда, аз ҷумла, бо навиштани шеъру иҷрои мусиқӣ сокинони кишварро ба риояти муқаррароти тозагиву беҳдоштӣ ва ҳамгироӣ даъват кардаанд.

Шоирон Фарзона, Аскар Ҳаким ва овозхон Нобовар Чаноров мегӯянд, ки мардум бояд дар чунин шароит ба машваратҳои пизишкон гӯш диҳанд.

Аскар Ҳаким бо таваҷҷуҳ ба таҳдиди эҳтимоли паҳншавии коронавирус шеъри наве иншо кардааст. Ӯ мегӯяд, дар шароите ки олудагӣ ба коронавирус бештаре аз кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, адибони тоҷик наметавонанд нисбат ба он бефарқ бошанд:

"Аз ин мардум, ки бесӯзу гудозанд,

Ба ҷон сӯзад яке, к-эй ёр, ёд ор!

Варо, то ин ҳама бар ӯ натозанд,

Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!

Ба дунё к-омада ин дам куруно,

Ба ин ҷояш расидан ҳеҷ магзор.

Нагардад то касе аз ғам забуно,

Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!"

Шоири шинохтаи тоҷик Фарзона низ шеъре ба сабки дуо ё ниёиш навиштааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи таърихи навиштани ин шеъраш сӯҳбат кард.

Фарзона, шоири шинохтаи тоҷик
Фарзона, шоири шинохтаи тоҷик

"Як дӯсти дандонпизишкам дар сафари кишваре ғарбӣ буд ва ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон бо мушкилоте рӯ ба рӯ шуд. Зеро, аллакай бештаре аз кишварҳо дар пайи паҳншавии коронавирус марзҳояшонро баста буданд. Дар ниҳоят, тавассути чанд кишвари ғарбиву пасошӯравӣ худро ба Тоҷикистон расонид. Аз ман хоҳиш кард, ки бо як шеъри оммафаҳм эҳсосоти бозгашташ ба ватанро баён кунам. Ин шеърро навишта, дар шакли дастхат барояш расонидам. Аммо, ба зудӣ матни он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки боиси хушҳолиаш гашт. Зеро, вазифаи ҳар як эҷодкар аст, ки ҳамватанони худро аз хатарҳои эҳтимолӣ ҳушдор бидиҳад", - гуфт ӯ.

Ба бовари Фарзона, ин бемории фарогир мардуми сайёраро водор кардааст, ки ихтилофҳои худро канор гузошта, муштаракан бар зидди ин беморӣ мубориза кунанд.

Ба ин далел, шоир сокинони Тоҷикистонро низ ба ваҳдату ҳамгироии бештар даъват кардааст.

Умари Сафар, адабиётшинос ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, вокуниши шоирон дар робита ба хатарҳои иҷтимоӣ дар адабиёт падидаи нав нест. Ба гуфтаи вай, дар гузашта шоирон дар бораи хатарҳои сироят ба бемориҳои мухталиф достонҳо эҷод кардаанд.

Вай афзуд, "мутаассифона, дар солҳои баъд аз касби истиқлол шоирони тоҷик аз мавзӯъҳои иҷтимоӣ дур шудаанд. Ҳоло бо дарназардошти хатари воқеӣ онҳо тасмим гирифтанд, ки садо баланд кунанд. Шеъри Фарзонаро хондам ва воқеан он бо як сабки хеле фаҳмо эҷод шуда, мутмаинам ҳар як тоҷик онро ба хубӣ дарк мекунад".

Ба эътиқоди ин адабиётшиноси тоҷик, ҳоло мақомот дар бораи хатарҳои коронавирус зиёд ҳарф мезананд, аммо мардум бештар ба суханҳои адибону ҳунармандони маъруф гӯш медиҳанд. Зеро, тӯли солҳои зиёд онҳо ба суханрониҳои мақомот бештар бетафовутӣ нишон медиҳанд. Ба гуфтаи Умари Сафар, муҳим ин аст, ки эҷоди шоирон ва ҳунармандон барои мардуми одӣ фаҳмо бошад.

Нобовар Чиноров, овозхони маъруф дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар шароити феълӣ сокинони Тоҷикистонро зарур аст ба машваратҳои пизишкон гӯш дода, бештар ба риояи меъёрҳои тозагӣ ва беҳдорӣ аҳамият диҳанд.

Вай гуфт, ин машваратҳо бо дарназардошти вазъият дар бархе аз кишварҳо ба мисли Итолиё дода мешаванд. "Агар мо хоҳем, ки сарнавишти ин кишварҳоро такрор накунем, бояд меъёрҳои тозагиро риоя кунем", - афзуд Нобовар Чаноров.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол дар кишвар ҳеч мавриди гирифторӣ ба коронавирус ё COVID-19 ошкор нашудааст. Беш аз шаш ҳазор нафаре, ки аз моҳи феврал то шурӯи моҳи апрел аз хориҷа баргаштанд, ба давраи "карантин" фаро гирифта шудаанд.

Бемории КОВИД-19, ки охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, то кунун беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафарро дар ҷаҳон олуда карда, боис ба марги беш аз 58 ҳазор каси дигар шудааст.

XS
SM
MD
LG