Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон нақшаи кумак ба соҳибкорони кишварашро тасдиқ кард. Дар ин бора аз маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар доданд.
Дар нақшаи тасдиқшуда чанд сабукӣ, аз ҷумла тамдиди муҳлати пардохти андоз пешбинӣ шудааст. Дар нақша ҳамчунин омадааст, ки соҳибкорон барои напардохтани андоз то 1 июл ҳеч гуна муҷозот нахоҳанд шуд.
Ба мақомоти маҳаллӣ пешниҳод шудааст, сар аз 1 апрел барои 3 моҳ аз иҷорашинони биноҳои давлатӣ ҳаққи иҷора талаб накунанд. Инчунин тавсия шудааст, ки давоми 3 моҳ неруи барқ, об, газ, хизматрасонии телефон ва Интернети соҳибкорон қатъ нашавад.
Дар се шаҳр ва се ноҳияи калони Қирғизистон сар аз 25 март ҳолати фавқулода эълом шудааст. Рӯзона ҳаракати одамон ва нақлиёт маҳдуд ва аз соати 20:00 то 07:00 қуюди шабгардӣ ҷорӣ шудааст.
То 31 март дар он кишвар 107 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.