Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи як мард дар Тошканд барои баргузории арӯсии духтараш


Узбекистон тадбирҳои сахт ҷорӣ кардааст.
Узбекистон тадбирҳои сахт ҷорӣ кардааст.

Пулиси ноҳияи Юнусободи Тошканд зидди як сокини 55-солаи маҳаллӣ барои баргузор кардани маросими арӯсии духтараш бо иштироки дӯстони хонаводаи худу домод парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба огаҳии пулис, дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қонунгузории санитарӣ ё қоидаҳои мубориза бо бемориҳои сироятӣ"-и Кодекси ҷиноии Узбекистон парванда боз карда шудааст.

Ин банд ҷарима ба андозаи аз 11,1 миллион то 22,3 миллион сӯм (1150-2300 доллари амрикоӣ), маҳдуд кардани озодӣ аз 1 то 3 сол ё маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати то 5 солро пешбинӣ мекунад.

Пештар низ хабар дода шуд, ки сокинони шаҳри Тошканди Узбекистон 27 март сарфи назар аз эъломи карантин кушиш карданд, ки дар саҳни яке аз биноҳои баландошёнаи зисти ноҳияи Чилонзор тӯй баргузор кунанд. Нақзкунандагони карантин ба маблағи беш аз 1 миллион сӯм (100 доллар) ҷарима карда шуданд.

Дар Узбекистон ба иллати коронавирус аз 16 март карантин эълом шудааст. Ҳамчунин аз 27 март сокинони ин кишвар вазифадор шудаанд, ки бидуни зарурат ба берун набароянд. Онҳо танҳо ба хотири хариди дору ва ғизо ҳаққи берун рафтанро доранд.

Дар ин кишвар то рӯзи 31 март шумори мубталоён ба коронавирус ба 158 нафар расида, 7 нафар шифо ёфтанд ва ду кас ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG