Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ва Путин нафту коронавирусро баррасӣ карданд


Владимир Путин ва Доналд Трамп.
Владимир Путин ва Доналд Трамп.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Русия хабар дод, ки президенти ин кишвар Владимир Путин ва ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп рӯзи 30-юми март суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Ба иттилои манбаъ, ин тамос бо ташаббуси ҷониби Амрико сурат гирифтааст.

Ҷонибҳо мушкилоти марбут ба густариши коронавирус дар ҷаҳонро баррасӣ карда ва дар бораи чораҳое, ки дар ҳар ду кишвар андешида мешавад, табодули афкор намуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия, Путин ва Трамп ҳангоми баррасии вазъ дар бозори ҷаҳонии нафт созиш карданд, ки машваратҳои ду кишварро дар ин замина дар сатҳи вазоратҳои энержӣ роҳандозӣ кунанд.

Путин ва Трамп ҳамчунин дар бораи идома додани тамосҳои шахсиашон ба созиш расидаанд. Тавре пештар расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, Трамп гуфт, тасмим дорад, "ҷанг" дар бозори нафт миёни Русия ва Арабистони Саудиро баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG