Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ба қабули қонуни нави ҳимояткунандаи иқтисоди осебдида аз Ковид-19 омода мешавад


Президенти Украина Владимир Зеленский
Президенти Украина Владимир Зеленский

Парлумони Украина рӯзи 30 март дар як ҷаласаи изтирорӣ қонуни наверо баррасӣ мекунад, ки ҳадаф дорад ин кишварро аз таъсири Ковид-19 ҳимоят бикунад. Зарурати доштани ин қонунро Сандуқи байналмилалии пул тақозо кардааст, ки бар асоси он барномаи қарздиҳӣ ба Украина дар ҳаҷми 8 миллиард доллар боз мешавад ва Киевро ба дарёфти миллионҳо доллар кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд ва дигар пуштибонҳои хориҷӣ умедвор хоҳад мекунад.

Президент Владимир Зеленский дар муроҷиати даҳдақиқаинааш тавассути телевизион дирӯз гуфт, ки қабул нашудани чунин як қонун кишварро бо хатари мушкилоти сангини иқтисодӣ дар пасманзари паҳншавии Ковид-19 рӯбарӯ мекунад. Дар Украина шумори сироятшудагон 500 ва фавтидагон 10 нафарро ташкил додааст. Зеленский хитоб ба вакилони Верховная Рада гуфт, “мардуми Украина фардо хоҳад дид, ки то куҷо шумо омодаи ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ ҳастед”. Сандуқи Байналмилалии Пул гуфт, ки кишвар ба қонуни нави танзимкунандаи кори бонкҳо ниёз дорад, то ки моликони собиқи бонкҳои миллишудаву азбайнрафта натавонанд аз кӯмакҳои нав даъвои дарёфти ҷубронпулӣ бикунанд.

XS
SM
MD
LG