Барои интиқоли Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио ба соли 2021 ба ташкилкунандагон лозим меояд 2,7 миллиард доллар харҷ намоянд. Ин маблағро Forbes зикр намудааст.
Тибқи маълумоти нашрия, будҷаи Бозиҳои олимпӣ дар Токио то моҳи декабри соли 2019 тақрибан 12,6 миллиард долларро ташкил додааст. Пас аз интиқоли Бозиҳо ташкилкунандагон барои гузаронидани мусобиқот тақрибан 15,3 миллиард доллар сарф мекунанд.
Дар ин маврид Бозиҳо дар Токио дувумин гаронтарин дар таърих хоҳанд буд. Танҳо Русия барои омодагӣ ба Олимпиадаи зимистона дар Сочи маблағи бештар сарф кардааст - 21,9 миллиард доллар.
24-уми март маълум гардид, ки Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ ба муддати як сол ба таъхир гузошта шуданд. Зикр гардид, ки Олимпиада на дертар аз тобистони соли 2021 баргузор хоҳад шуд. Ин интиқол ба Паралимпиада низ асар кард.
Бар асари пандемияи коронавирус қариб тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки барои баҳор-тобистони соли 2020 пешбинӣ шудаанд, лағв гардиданд.
Ҳамин тавр, қаҳрамонии футболи Аврупо ва Ҷоми футболи Амрико ба соли 2021 мавқуф гузошта, қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҳоккей ва марҳилаҳои охирини Ҷоми ҷаҳонии биатлон ва лижатозӣ лағв шуданд.
Ёдовар мешавем, то ҳоло ду муштзани тоҷик – Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило – ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио роҳхат гирифтаанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Вазири мудофиа мегӯяд ки дар артиш ҳоло ҳам зуроварӣ ҳаст гӯё аз пештара кам шудааст. Охир ин гап ба шаъни вазир мезебад. Баъди ин суханҳо бояд ин гуна вазир ба истеъфо равад. Чунки мушкилии асосии аз хизмат ба ватан гурехтани ҷавонон ҳамин зуроварии вазир қоил шудаги мебошад. Эҳтимол тамоми падару модар аз таваллуди писараш ба пул ҷамъкуни машғул шавад ки писарашро аз хизмат ба ватан харад то ки ӯ солим гардад. Дар ин ҳолат 10% ҳеҷ гоҳ иҷро нашавад чӣ?
Дига кор надора мардум.безор шидем ай хами пешво
Агар ичтимои сахифа намебуд хич вакт кушода намешуд. Танкид зиед шуд. Шармандаги мул шуд.
Ту мулх,ид холо баъд мефахми Аллох туро ибрат кунад барои хам маслаконат.
Хайр набошад, хулоса: зоидан бо пул, родом бо пул, садик бо пул, мактаб бо пул, мактаби Оли бо пул Аскари бо пул ! Набошад ки бо хизмати мардум ?????