Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия марзҳояшро баст, рафтуоро дар шаҳрҳо камтар мекунад.ВИДЕО


Майдони Сурх, Маскав, Русия. 26-уми март, 2020.
Майдони Сурх, Маскав, Русия. 26-уми март, 2020.

Мақомоти Маскав эълон карданд, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, аз рӯзи душанбеи 30-юми март гирифта, дар ин шаҳр маҳдудиятҳои сахт ҷорӣ хоҳад шуд.

Рӯзҳои ахир шумори гирифторон ба ин вирус дар пойтахти Русия босуръат зиёд шуд ва ин мақомотро водор кард, ки чораҳои сахттар ҷорӣ кунанд. Пойтахти Русия бо 12 миллион аҳолӣ, мизбони ҳазорон муҳоҷири тоҷик низ ҳаст ва ин маҳдудиятҳо ба кору зиндагии онҳо низ таъсир мегузорад.

Ҳамакнун сокинони пойтахти Русия танҳо иҷозат доранд, ки барои харид аз фурӯшгоҳи маводи ғизоӣ ва дорухона, ниёз ба муолиҷаи тиббии фаврӣ ва андохтани партовҳо, ба берун бароянд. Ба онҳое, ки бинобар зарурат бояд ба ҷойи кор бираванд, низ иҷозат дода мешаванд, ки аз хонаҳояшон берун раванд. Мақомот мегӯянд, ки рӯзҳои оянда низоми нави гаштугузорро эълон хоҳанд кард.

"Қадам ба қадам, аммо ба таври пайваста мо дар шароити мавриди ниёз назорати сахтгиронаи худро ҳифз хоҳем кард" - гуфтааст Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав рӯзи 29-уми март.

"Айни замон дар Русия 1500 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки 270 ҳолати он дар 24 соати ахир мебошад",- мегӯянд мақомоти тандурустии Русия. Ба иттилои Маркази мубориза бо бӯҳрони коронавирус, то кунун дар Русия 8 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд. Бештари ҳолатҳои нави гирифторӣ --197 маврид, дар шаҳри Маскав сабт шудааст.

Мақомоти тандурустии Русия ҳушдор додаанд, ки бо назардошти сруъати баланди паҳн шудани вирус дар рӯзҳои оянда афзоиши бештари шумораи мубталоён аз эҳтимол дур нест.

Аз 28-уми март сар карда мақомот дар Маскав ҳамчунин марказҳои савдо, каҳвахонаҳо ва парку боғҳоро ба муддати як ҳафта бастанд. Мақомоти Маскав аз сокинон хостанд, ки дар манзилҳояшон бимонанд. Ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ камтар шудааст.

Ҳамзамон, ҳукумати Русия эълон кард, ки барои пешгирӣ аз густариши ин беморӣ ба таври муваққатӣ ҳамаи марзҳои худро сар аз 30-ми март мебандад. Ин маҳдудиятҳо шомили дипломатҳои Русия ва ронандагони мошинҳои борбар намешавад.

Маскав шаҳре бо миллионҳо муҳоҷир

Маскав шаҳрест, ки дар он намояндагони миллатҳои мухталиф кор ва зиндагӣ мекунанд. Теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик ҳам дар ин шаҳр машғули кор ҳастанд. Ҳазорон донишҷӯи тоҷик низ дар донишкадаҳои ин шаҳр таҳсил мекунанд.

Шӯҳратёр Фирӯзӣ, унвонҷӯи Академияи дипломатии Русия аз Тоҷикистон, 30-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз имрӯз шароити карантин дар пойтахти Русия сахттар шудааст. "Ҳоло танҳо барои хариди ғизо ва доруворӣ ба кӯча баромадан иҷозат ҳаст. Ҳамчунин, кормандон ҳақ доранд то ҷойи кор раванд. Нақлиёти ҷамъиятӣ бо шумули автобусу троллейбусҳо ва таксиву метро фаъол мебошанд. Аммо, тибқи муқаррарот то 5-уми апрел ҳамаи сокинон вазифадор шудаанд, дар хона бошанд".

Дар Русия ба гуфтаи мақомот, беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Бинобар ҳисоби созмонҳои байналмилалии молӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби пули муҳоҷирон аст. Соли 2019 муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон надики 2 миллиарду 600 миллион доллар фиристодаанд, ки ба 33 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст.

Тадбирҳои сахти Русия барои пешгирӣ аз беморӣ

Русия ҳамчунин барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус парвози ҳавопаймоҳоро аз фурудгоҳҳояш ба хориҷа ва аз хориҷ ба ин кишвар манъ кард. Мақомоти Русия гуфтанд, аз 27-уми март парвозҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ (чартерӣ) аз Русия ба хориҷ манъ карда шуданд.

Шумораи гирифторшудагон ба бемории COVID-19 дар Русия дар муқоиса ба бисёре аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ зиёдтар аст. Тибқи омори ахир, дар Русия 1500 мубталои коронавирус ҳастанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 25-уми март дар пасманзари гирифториҳо ба коронавирус баргузории ҳамапурсӣ барои ислоҳи Конститутсияро ба таъхир андохт. Қарор буд, референдум 22-юми апрел баргузор шавад. Ин ислоҳҳо ба Путин имкон медиҳад, ки то соли 2036 дар қудрат монад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG