Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шароби олуда 53 муҳоҷири туркманро ҳалок кард


Гӯри яке аз муҳоҷирони туркман дар оромгоҳи Кимсизлер.
Гӯри яке аз муҳоҷирони туркман дар оромгоҳи Кимсизлер.

Теъдоди муҳоҷирони туркман, ки дар Туркия баъди истеъмоли шароби олуда ҳалок шудаанд, ба 53 нафар расидааст. Дар ин бора як фарде, ки дар маросими ҷанозаи чанд нафар ҳузур дошт, ба бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ рӯзи 28-уми март ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, яке аз заҳролудшудагон дар субҳи ҳамин рӯз фавтидааст.

Ба қавли манбаъ, 15 нафари дигар дар шифохона муолиҷа мегиранд. Табибоне, ки аз қазия огаҳ ҳастанд, ба хабарнигори ҳамкори Радиои Озодӣ дар Туркия гуфтанд, муҳоҷирони туркман водкаи олуда истеъмол карда ва ҳамчунин онро ба баданашон молидаанд, чун бовар доштаанд, ки онҳоро аз бемории КОВИД-19 эмин нигаҳ медорад.

Муҳоҷирони туркманро дар оромгоҳи Кимсизлер дар Истанбул дафн кардаанд. Хешовандони муҳоҷирони фавтида натавонистаанд, онҳоро барои дафн ба ватан биёранд, зеро ба сабаби густариши коронавирус ва бастани марзҳо ба мушкилоти расмӣ дучор шудаанд. Пулиси Истанбул гуфт, ки 10 нафарро барои фурӯши машруботи ғайриқонунӣ истеҳсолшуда дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG